Баргузории Рӯзи дарҳои боз қадами муҳим дар роҳи таблиғи китоб ва китобхона мебошад

Сентябрь 4, 2024 16:15

ДУШАНБЕ, 04.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Баргузории Рӯзи дарҳои боз қадами муҳим дар роҳи таблиғи китобу китобхона ва ҷалби омма ба омӯзиш мебошад. Ҳамасола 4 сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи китоб таҷлил мешавад, ки ин нишони таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳаи ҳаётан муҳим дар қатори дигар иду ҷашнвораҳо мебошад. Ин матлабро имрӯз зимни Рӯзҳои дарҳои боз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, доктори илмҳои филологӣ, профессор  Масрур Абдуллозода баён намуд.

Тавре дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, зимни ифтитоҳи ҳамоиш намоиши дастовардҳои китобдорон пешниҳод гардид. Инчунин дар ин рӯз доираи васеи хонандагон ва дӯстдорони китоб бо имконияти ин макон шинос шуданд. Ҳамзамон байни мактаббачагони шаҳри Душанбе озмун доир ба мавзуи китоб ва таърихи китоб баргузор шуд.

Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода иброз намуд, ки «рушди анъанаи китобдориву китобхонӣ яке аз самтҳои умдаи сиёсати фарҳангии Ҳукумати мамлакат мебошад. Ин гуфтаҳоро метавон ба  озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» ва даҳҳо дигар озмунҳои ба ин монанд рабт дод, ки барои баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат ба рушди ҷаҳони маънавии сокинони мамлакат баргузор карда мешаванд».

Ёдовар мешавем, ки Рӯзи дарҳои боз дар Китобхонаи миллӣ ду рӯз: 4-5 сентябр доир шуда, меҳмонон метавонанд гӯшаҳои намоиши китоб, ҳунарҳои мардумӣ ва ҳунарҳои рассомиро тамошо намоянд.

 АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Сентябрь 4, 2024 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкорӣ байни муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистон ва Ҷопон густариш меёбад
ШОҲНОМАПАЖӮҲӢ ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ҳадафи ниҳоии Фирдавсӣ аз иншои асараш инсонсозӣ бо ҳувияти миллӣ будааст
Китоби «Мероси таърихӣ, фарҳангӣ ва табиии Тоҷикистон» аз чоп баромад
Антропологи машҳури рус дар ёдгории Сари Майни ноҳияи Айнӣ таҳқиқот мегузаронад
НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 21 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
«Қалъаи Хуҷанд» ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст
Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд