БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН. Як дарахти он метавонад 22 кг гази карбонро фурӯ бурда, 6 кг оксиген хориҷ намояд

Сентябрь 18, 2024 09:18

ДУШАНБЕ, 18.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз моҳи январи соли 2024 татбиқи «Барномаи рушди парвариши павловния дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» оғоз гардид. Плантатсияҳои саноатӣ аз павловния дар майдони 43,4 гектар дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бунёд шудаанд, ки дар ҳолати хуби сабзиш қарор доранд.

Дар ин  хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи бунёд ва барқароркунии ҷангал ва ниҳолхонаҳои Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турдалӣ Арабов хабар дод.

200 ҳазор бех ниҳоли павловния парвариш мешавад

Ба иттилои Турдалӣ Арабов, тибқи барнома парвариши ниҳолҳои павловния дар ҷумҳурӣ то ба 100 ҳазор бех дар як сол дар назар дошта шудааст. Дар айни замон дар корхонаҳои воҳиди давлатии хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ ва ниҳолхонаҳои хурди назди муассисаҳои давлатии хоҷагиҳои ҷангали системаи Агентии хоҷагии ҷангал зиёда аз 200 ҳазор бех ниҳолҳои дарахти павловния мавриди парвариш қарор доранд.

Барнома бо мақсади бунёди плантатсияҳои саноатӣ аз павловния барои таъмини чӯби корӣ, захираи хӯроки чорво, зиёд намудани истеҳсоли асали молӣ, аз бодлесӣ нигоҳ доштани заминҳои кишоварзӣ ва дар ин раванд саҳм гузоштан барои беҳтар намудани шароити экологии ҷумҳурӣ таҳия шудааст.

Ҷангалҳои Тоҷикистон асосан аз буттазор иборат мебошанд, ки аз онҳо гирифтани чӯби корӣ барои қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ имконият надорад. Аз ин лиҳоз, зиёда аз 90-95 фоизи чӯби кории ҳамчун масолеҳи сохтмон истифодашаванда аз дигар давлатҳо ворид карда мешавад.

Ба андешаи Турдалӣ Арабов, бунёди плантатсияҳо аз дарахти зудафзоишёбандаи павловния бо истифода аз технологияҳои инноватсионии парвариш метавонад қисми асосии сиёсати сарфаи захираҳо ва ҳалли мушкилоти вобаста ба истифодаи энергия ва бе таъсири хатарҳо ба муҳити зист гардад.

Ҳамчунин бунёди плантатсияҳои саноатӣ аз павловния, истифодаи он дар ташкили минтақаҳои сабз ва боғҳо ба коҳиш ёфтани сатҳи партовҳои газҳои гулхонаӣ ба атмосфера, пешгирии гармшавии иқлим ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии он, инчунин ташкили ҷойи нави кор мусоидат менамояд.

«Бо назардошти сатҳи пасти афзоиши солонаи аксарияти ҷангалзор ва маҳдуд будани майдонҳои ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон дар умум истифодаи технологияҳои нав дар парвариши ниҳолҳо ва зиёд намудани майдонҳои плантатсия, ҷалби аҳолии маҳаллӣ барои пешбурди фаъолияти хоҷагии ҷангал бо истифода аз усули идоракунии муштараки ҷангал ба рушди ноҳияҳои кӯҳистон ва таъмини некуаҳволии мардуми ин маҳалҳо мусоидат менамояд»,-изҳор дошт ӯ.

Барнома барои расидан ба ҳадафҳое, ки дар Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то давраи соли 2020-2030, Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 ва Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026 дарҷ гардидаанд, инчунин ба паст намудани сатҳи вобастагӣ ба масолеҳи сохтмонии воридотӣ мусоидат менамояд.

Барои парвариши дурусти павловния кадом тадбирҳо амалӣ мешаванд?

Таҳия намудани дастурамал оид ба технологияи парвариши ниҳолҳои павловния дар ниҳолхонаҳо, бунёди плантатсияҳои саноатӣ аз он, ба роҳ мондани нигоҳубини онҳо, истифодаи павловния дар корҳои сабзазоркунӣ, ҳисобкунии даромаднокӣ аз ташкили плантатсияи саноатии павловния аз тарафи одимони Пажуҳишгоҳи илмию таҳқиқотии хоҷагии ҷангал аз ҷумлаи тадбирҳо барои парвариши дурусти павловния мебошанд.

Барои баргузор намудани машварат оид ба парвариши ниҳолҳои павловния, бунёди плантатсияҳо аз он, ба роҳ мондани нигоҳубини онҳо барои кормандони хоҷагиҳои ҷангал дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар минтақаҳои ҷумҳурӣ 4 семинари омўзишӣ ба нақша гирифта шуда, тирамоҳи соли раовн амалӣ карда мешаванд.

Павловния чӣ хусусият ва аҳамият дорад?

Тавре сардори шуъбаи бунёди Агентӣ иброз намуд, павловния- «дарахти ҳаёт»-  намуди растанӣ аз оилаи павловниягиҳое мебошад, ки зиёда аз 20 намуди хосро дар бар мегиранд ва бо як номи умумӣ- павловния шинохта шудаанд. Павловния дарахти дорои баргҳои калони зебо (қутрашон 70 см), гулҳо (қутрашон 6 см) ва чатри зебо мебошад. Қутри танаи он то 1 метр ғафсӣ дорад. Вобаста аз шароити сабзиш дарахтони павловния баландиҳои гуногун дошта, то 30 метр қад доранд. Ба шароити хок серталаб нестанд, ҳатто дар заминҳои хушк, ки гаҷнокии онҳо то 2 фоизро ташкил медиҳад, мерӯянд, аммо дар хокҳои умқи намнокиашон муътадил ва ҳосилнокиашон баланд сабзиши нағз доранд. Рӯшноиро дӯст медоранд ва дар қитъаҳои кушоди замини офтобрас мерӯянд.

Павловния хусусияти худбарқароршавӣ дошта, шинонидани дубораро талаб наменамояд. Он баъди ҳар буридан ва ё даравидан аз ҳисоби қисми решаи боқимонда мерӯяд. Давомнокии умри решаҳои он 70-100 солро дар бар мегирад, ки метавонад дар байни 4 ва ё 8-9 давраи ҳаштсола истифода шавад. Ин имкон медиҳад, ки раванди корҳои парвариши павловния бе хароҷоти аз нав шинонидани ниҳол ва коркарди замин дубора давом дода шавад. Танаи павловнияро тамоми сол, новобаста аз фасли он ва муҳлати ҷамъоварӣ буридан мумкин аст, ки дар дигар намуди дарахтон ин ҳолат дида намешавад. Махсусияти дигари павловния дар солҳои аввали парвариш- ин баргҳои калони он мебошад, ки қутрашон ба 70-85 см мерасад ва барои хӯроки чорво истифода мешаванд. Ғизонокии он қариб ба юнучқа баробар аст. Он дар таркиби худ ҳангоми сабз будани баргҳо 20 фоиз протеин ва дар тирамоҳ баъди хазонрез гаштани баргҳо 12 фоиз протеин дорад. Аз ҳама фоизи зиёди протеин дар ниҳоли яксола мавҷуд мебошад. Агар ҳангоми бунёди плантатсияи павловния мақсади асосӣ тайёр намудани хӯроки чорво бошад, дар ҳолати риояи агротехникаи парвариш давоми 1 сол аз 1 гектар аз 35 то 40 тонна хӯроки серғизои чорво тайёр намудан имкон дорад.

Гулкунин павловния фасли баҳор шуруъ гардида, гулҳояш калон, бо ранги осмонӣ, гулобӣ ва ё сафед буда, гулкунии он 6-8 ҳафта давом менамояд. Баргҳои азим ва чатри калон дар ҷойҳои истироҳатӣ- боғҳо ва гулгаштҳо сояи ғафсу зич ба миён меоранд, ки ба ташкили қитъаҳои салқини муътадил дар шароити иқлими гарм дар маркази шаҳрҳои ҳавояшон газнок ва буғикунанда мусоидат менамоянд. Бо назардошти ин хусусият онро барои сабзазоркунии шафати шоҳроҳҳо, шаҳрҳо ва ҳудуди боғҳо васеъ истифода менамоянд.

Павловния ҳавои атмосфераро тоза мекунад

Павловния хусусияти ултроафзоишӣ дошта, давоми 7-8 сол ҳаҷми афзоиши он ба 1 метри кубӣ мерасад, ки бо дигар намуди дарахтон муқоисанашаванда мебошад. Дарахти павловния бо афзоиши тези худ боигарии инсоният мебошад. Хокро солим ва аз эрозия барқарор намуда, ба кам шудани газҳои гулхонаӣ ва тозагии ҳавои атмосфера мусоидат менамояд. Як дарахти он метавонад 22 кг гази карбонро фурӯ бурда, 6 кг оксиген хориҷ намояд. Майдони 10 гектар павловниязор метавонад дар як сол то 275 тонна гази карбонат (CO2)-ро аз худ намуда, то 330 тонна гази оксиген хориҷ намояд, инчунин метавонад то 1000 тонна хокро аз шусташавӣ нигоҳ дорад ва то 25 ҳазор метри мураббаъ обро тоза намояд.

Гулҳои дарахти павловния — беҳтарин шаҳд барои истеҳсоли асали молӣ

Гулҳои дарахти павловния накҳати хушбӯйи қавӣ дошта, беҳтарин шаҳд барои истеҳсоли асали молӣ мебошанд. Аз 1 гектар павловниязор то 800 кг асали молӣ ва аз ин бештар гирифтан мумкин аст. Бартарӣ дар он аст, ки дар парвариши павловния аз заҳрхимикатҳо тамоман истифода бурда намешавад.

Чӯби павловния барои сохтмон мувофиқ аст

Чӯби корие, ки аз дарахти павловния гирифта мешавад, аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, мулоим, ба оташ ва намӣ тобовар, сабук ва ба ҳашароти зараррасон устувор мебошад. Чӯбаш мулоим, вале беҳад ба қаткунӣ ва тобдиҳӣ устувор буда, маҳсулоти аз чӯби павловния тайёршуда шакли худро аз таъсири муҳит дигар намесозад. Чӯби павловнияро маъмулан барои сохтмони хона истифода мебаранд. Бартарияш дар он аст, ки зуд хушк мешавад, шакли худро дигар намекунад ва мустаҳкам буда, ба осонӣ намешиканад. Бо сабаби чандир ва мустаҳкам буданаш онро дар соҳаи мебелсозӣ истифода мебаранд.

Тамоми қисмҳои дарахти павлонияро ҳамчун ашёи хоми энергетикӣ барои таъмини гармӣ ва истеҳсоли биогаз истифода бурдан мумкин аст. Биогаз манбаи нави энергияи барқароршаванда буда, аз ҷиҳати экологӣ тоза ва аз ҷиҳати иқтисодӣ мувофиқ мебошад.

Мақсадҳои асосии барнома дар чист?

Тавре мутахассис иброз дошт, яке аз мақсадҳои «Барномаи рушди парвариши павловния дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028»- ин баланд бардоштани сатҳи огоҳонӣ ва сатҳи дониши соҳибкорон, хоҷагиҳои деҳқонӣ, кормандони хоҷагиҳои ҷангал ва хоҷагиҳои манзилию коммуналӣ оид ба аҳамияти истифодаи павловния дар бунёди плантатсияҳо, агроҷангалпарварӣ ва пешбурди корҳои сабзазоркунӣ оид ба парвариши ниҳолҳои павловния дар ниҳолхонаҳо мебошад.

Ҳамзамон зиёд намудани плантатсияҳо ва истеҳсоли чӯби корӣ, паст намудани сатҳи таъсири антропогенӣ ба ҷангалҳои табиӣ,  зиёд намудани истеҳсоли асали молӣ (занбӯр онро аз гули павловния ҳосил менамояд), баланд бардоштани иқтисодиёти хоҷагиҳои ҷангал ва даромаднокии онҳо, мусоидат ба рушди иқтисодиёт ба воситаи ҷалби соҳибкорон ба соҳаи ҷангал,  баланд бардоштани некуаҳволии аҳолӣ ба воситаи ҷалби онҳо ба пешбурди хоҷагии ҷангал ва таъминот бо маҳсулоти чӯбии ҷангал, баланд бардоштани нақши ҷангалҳо дар иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ва барномаҳои ҷаҳонӣ оид ба коҳиши таъсири тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба он мебошад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 18, 2024 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Забони тоҷикӣ аз ҷиҳати сермаъноии калимаҳо байни забонҳои дунё мақоми аввалро соҳиб аст. Бардошт аз ҳамоиши «Забон ва Истиқлол»
«ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Асаре, ки шиносномаи забони тоҷикӣ гардидааст
Дар Нуробод 348 гектар заминҳои корами обӣ аз гардиши кишоварзӣ берун монда, майдони кишти ғалладона ва лубиёгиҳо кам гардидааст
ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ҲОМИИ ЗАБОНИ МИЛЛАТ. Забони тоҷикӣ оинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати миллат ба шумор меравад
ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Дар «Маркази рушди малакаҳои касбӣ дар шаҳри Роғун» ба занони таълимгиранда нигоҳубини ройгони кӯдакон ва стипендия пешбинӣ шудааст
«Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» қабул гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ПИРОНСОЛОН. Дар Тоҷикистон нафарони аз 100- сола боло 230 нафарро ташкил медиҳанд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030. Дар он се ҳадафи миллии эълоншуда чун вазифаҳои аввалиндараҷа боқӣ мемонанд
НОБИҒАЕ ДАР ОЛАМИ МАЪРИФАТ. Ҷалолиддини Балхӣ шуҳрати фарҳангу адаби тоҷикро беназиру оламгир гардонидааст
ИМРӮЗ-РӮЗИ МАВЛОНО. Ҷалолиддини Балхӣ парвардаи обу хоки Хуросону Мовароуннаҳр буда, ашъораш саршор аз забони тоҷикӣ аст
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли себ ба одамони камхун фоида дорад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Ҳар шаҳрванд вазифадор аст забони давлатиро донад