Дар Алмато ҷаласаи вазирони Осиёи Марказӣ оид ба пешрафт дар татбиқи чаҳорчӯби ҳамаҷонибаи бехатарии мактабҳо доир гардид
ДУШАНБЕ, 19.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 18-19 сентябр дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи вазирони Осиёи Марказӣ оид ба пешрафт дар татбиқи чаҳорчӯби ҳамаҷонибаи бехатарии мактабҳо баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти нази Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ҷаласа ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои ҷалби таваҷҷуҳи ҷавонон, бахусус хонандагон ва донишҷӯён, баланд бардоштани сатҳи огоҳии онҳо дар бораи масоили экологӣ, чорабиниҳо, аз ҷумла ҳавасмандӣ бо роҳи ташкили озмунҳои экологӣ ва ҷалби онҳо ба ҳалли мушкилоти экологӣ сухан гуфт.
Инчунин намояндагони ҳайатҳо оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист маъруза карданд.
Дар ҷаласа масъалаҳое, ки ба рушди амалҳои муштарак дар ҳалли масъалаҳои экологӣ, тағйирёбии иқлим, коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ, идоракунии самараноки партовҳо ва рушди ҳамкорӣ дар минтақаҳои табиии махсус муҳофизатшаванда равона шудаанд, баррасӣ шуданд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти нази Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






