Дар Алмато ҷаласаи вазирони Осиёи Марказӣ оид ба пешрафт дар татбиқи чаҳорчӯби ҳамаҷонибаи бехатарии мактабҳо доир гардид

Сентябрь 19, 2024 18:00

ДУШАНБЕ, 19.09.2024 /АМИТ  «Ховар»/. 18-19 сентябр дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи вазирони Осиёи Марказӣ оид ба пешрафт дар татбиқи чаҳорчӯби ҳамаҷонибаи бехатарии мактабҳо баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти нази Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҷаласа ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои ҷалби таваҷҷуҳи ҷавонон, бахусус хонандагон  ва донишҷӯён, баланд бардоштани сатҳи огоҳии онҳо дар бораи масоили экологӣ, чорабиниҳо, аз ҷумла ҳавасмандӣ бо роҳи ташкили озмунҳои экологӣ ва ҷалби онҳо ба ҳалли мушкилоти экологӣ сухан гуфт.

Инчунин намояндагони ҳайатҳо оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист маъруза карданд.

Дар ҷаласа масъалаҳое, ки ба рушди амалҳои муштарак дар ҳалли масъалаҳои экологӣ, тағйирёбии иқлим, коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ, идоракунии самараноки партовҳо ва рушди ҳамкорӣ дар минтақаҳои табиии махсус муҳофизатшаванда равона шудаанд, баррасӣ шуданд.

  АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти нази Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 19, 2024 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар Муъминобод форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ баргузор мегардад
Дар мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» тадбирҳои беҳдошти ҳолати гидрологӣ амалӣ гардиданд
Дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд дар Душанбе ҳайати бонуфуз аз Миср иштирок менамояд
Аз ноҳияи Дӯстӣ ба Федератсияи Русия маҳсулоти кишоварзӣ содирот мегардад
Кишоварзони ноҳияи Восеъ дар беш аз 7 ҳазор гектар пунбадона кишт менамоянд
Оид ба рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиёӣ форуми байналмилалӣ доир мешавад
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмуни «Топ-35- шарики боэтимоди сол» баргузор мегардад
Ҳайати Тоҷикистон дар маҷлиси машваратии давлатҳои электорати Хазинаи байналмилалии асъор иштирок намуд
«Shohin Airlines» 4 ҳавопаймои силсилаи «Airbus A320neo» мехарад
Ҳайати Тоҷикистон дар Вашингтон масъалаҳои молиявӣ ва иқтисодиро бо шарикони байналмилалӣ баррасӣ намуд
Дар Душанбе ҳамоиши намояндагони тиҷоратии давлатҳои БРИКС ва СҲШ баргузор гардид
Имконоти зеҳни сунъӣ ва гидроэнергияи «сабз»-и Тоҷикистон ба «Goldman Sachs» муаррифӣ карда шуд