Дар Ашқобод Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро таҷлил намуданд

Сентябрь 20, 2024 10:40

ДУШАНБЕ, 20.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 18 сентябр дар шаҳри Ашқобод маросими расмӣ бахшида ба таҷлили 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Вафо Ниятбекзода таъкид намуд, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо давлати дорои мероси ғании фарҳангӣ ва анъанаҳои нотакрор, балки мамлакати босуръат рушдёбандае аст, ки барои шукуфоӣ ва субот саъй мекунад.

Таъкид гардид, ки мардуми Тоҷикистон давоми 33 сол бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи рушди иҷтимоӣ ва тараққиёти иқтисодиёт, мустаҳкам намудани сиёсати дохилӣ ва берунии мамлакат қадамҳои устувор ниҳодааст.

Зимни суханронӣ дастовардҳои дар замони истиқлолият ноилшуда ва саҳми босазои Тоҷикистон таҳти роҳнамоии Пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, бахусус мушкилоти обу иқлим ва дигар масъалаҳо таъкид гардид. Ҳамчунин доир ба густариши бемайлони  муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Туркманистон ва дурнамои ояндадори он гуфта шуд.

Дар ҳошияи баргузории ҳамоиш намоишгоҳ ороста шуд, ки дар он имконияти сайёҳӣ, китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили либосҳои миллӣ, сӯзанӣ, чакандӯзӣ, намунаҳои ресандагиву бофандагӣ, мусаввараҳои миллӣ ва ашёи сангину чӯбини миллӣ, кордҳои миллӣ ва ғайра ба намоиш гузошта шуданд.

 

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 20, 2024 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд