Дар Давлати Кувайт ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд

Сентябрь 10, 2024 19:00

ДУШАНБЕ, 10.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 9 сентябр дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳамватанони муқими Кувайт ва донишҷӯёни тоҷик таҷлил карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода аҳаммият ва маънои Истиқлолиятро шарҳ дод ва ҳамватанонро ба ҳифзи арзишҳои Истиқлолият, якпорчагӣ ва дастовардҳои даврони соҳибихтиёрии Тоҷикистон даъват намуд.

Дар идома доир ба мавзуъҳои таърихи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу суботи миллӣ, дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва ташаббусҳои байналмилалии кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ маърӯза карда шуд.

Дар ҳамоиши идона намунаи ҳунарҳои мардумӣ, гӯшаи дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ муаррифӣ гардида, китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъриху фарҳанги тоҷикон ба намоиш гузошта шуданд.

Ҳамзамон як зумра ҳамватанони муқим ва шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар чорабиниҳои ҷамъиятии Сафорат фаъолона иштирок намудаанд, бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Сентябрь 10, 2024 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид