Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон «Амонатбонк» эътимоди мардумро соҳиб гардид

Сентябрь 7, 2024 17:14

ДУШАНБЕ, 07.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бахшида ба 33-солагии ҷашни Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин корхона хабар доданд.

Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода  иброз дошт, ки Истиқлоли давлатӣ неъмати бузургест, ки бо пайки хеш нуру зиё, меҳру вафо, ободию осоиштагии абадиро ба Тоҷикистони азиз эҳдо сохта, ҳамчун мелодномаи таърихи навини тоҷикон шинохта шудааст.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон давоми 33 соли Истиқлоли давлатӣ дар партави сиёсати хирадмандона ва ташаббусҳои ҷаҳониии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи байналмилалӣ касб намояд.

Дар ҳамоиш аз фаъолияти назарраси «Амонатбонк» ҳамчун бонки давлатӣ ва низомсоз дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ёдоварӣ шуда, иброз гардид, ки нишондиҳандаҳои молиявии «Амонатбонк» сол то сол зиёд мешаванд. Имрӯз он дар низоми бонкии ҷумҳурӣ мавқеи муайянеро касб намудааст, ки аз фаъолияти босамари ҳар корманди  бонк дарак медиҳад.

«Амонатбонк» давоми 33 соли даврони соҳибистиқлолӣ барои  дастрас гардонидани хизматрасониҳои бонкӣ ва пешниҳоди босифату саривақтии он кӯшиш намуда, бо фаъолияти назаррас эътимоди мардуми мамлакатро соҳиб гардид ва ҳамчун бонки мардумӣ шинохта шудааст.

АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

Сентябрь 7, 2024 17:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1600 то 9.2331 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Форуми байналмилалии бонкӣ-2026 масоили бахши молиявӣ дар шароити табдили рақамӣ баррасӣ шуданд
Дар Давҳа тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо AIIB баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1600 то 9.2700 сомонӣ муқаррар шудааст
Мусоҳибаи Сафири Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар расонаҳои Миср нашр гардид
Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол
Дар доираи Sibos 2026 ҳамкории Тоҷикистон бо SWIFT баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1093 сомонӣ муқаррар шудааст