Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон татбиқи лоиҳаи TAEETT-и барномаи PECA-и Ташкилоти ҳамкории байналмилалии Олмон баррасӣ шуд

Сентябрь 6, 2024 19:30

ДУШАНБЕ, 06.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо ҳайати кории лоиҳаи «Интиқоли технологияҳои таълимии аврупоӣ дар соҳаи технологияи истеҳсоли хӯрокворӣ дар Тоҷикистон» (TAEETT)-и барномаи PECA -и Ташкилоти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ) аз Донишгоҳи аграрии Словакия дар шаҳри Нитра вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи технологӣ хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои амалӣ намудани мақсаду вазифаҳои лоиҳа, алалхусус арзёбии модулҳои барномаи таълимии ихтисоси «Технологияи шир ва маҳсулоти ширӣ»-и аз ҷониби устодони факултети муҳандисӣ-технологии донишгоҳ таҳиягардида ва ворид намудани онҳо ба барномаҳаи таълимии ихтисосҳои самти технологияи саноати хӯрокворӣ муҳокима гардиданд. Ҳамзамон сатҳи омодагӣ ба баргузории конфронси ҷумҳуриявӣ ва натиҷаҳои бадастомада дар доираи лоиҳа мавриди таваҷҷуҳи хосса қарор гирифт.

Баъд аз вохӯрӣ дар мавзуи «Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ оид ба иқтисодиёт ва технологияҳои «сабз» дар саноати хӯроквории Тоҷикистон» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд. Конференсия дар ду бахш гузаронида шуда, дар он зиёда аз 10 маърузаи илмӣ аз ҷониби мутахассисони варзидаи хориҷӣ ва донишгоҳу пажуҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуд.

АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Сентябрь 6, 2024 19:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд