Дар Душанбе ҷаласаи 19-уми Шурои роҳбарикунанда ва иқтисодии SPECA баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 17.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 16 сентябр ба тариқи видеоконфронс ҷаласаи машваратӣ оид ба омодагӣ бобати баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (SPECA) дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин Нуриддинзода баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд.
Дар ҷаласа муовинони вазирони иқтисоду савдои кишварҳои аъзои SPECA, намояндагиҳои доимии давлатҳои иштирокчӣ дар назди шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева, Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо, инчунин Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором иштирок намуданд.
Тибқи рӯзнома, дар ҷаласа масъалаҳои омодагӣ ба чорабиниҳои сатҳи баланди SPECA, аз ҷумла ҷаласаи 19-уми Шурои роҳбарикунанда ва Форуми иқтисодии SPECA дар шаҳри Душанбе, лоиҳаи «Эъломияи Душанбе», ташаббусҳои кишварии ҷонибҳо ва Тоҷикистон, инчунин таъсиси Фонди боварии SPECA баррасӣ гардиданд.
Зимни мулоқоти маҷозӣ Аҳлиддин Нуриддинзода иброз намуд, ки дар асоси ризоияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 26 августи соли 2024, 26-28 ноябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди Барномаи SPECA, аз ҷумла ҷаласаи 19-уми Шурои роҳбарикунанда ва Форуми иқтисодии SPECA тасдиқ гардид.
Дар ин раванд Тоҷикистон ба тақвияти ҳамкорӣ дар самти рақамикунонии соҳаҳо дар доираи барномаи SPECA аҳамияти махсус зоҳир намуда, дар давраи раёсати худ рушди «сабз»-ро ҳамчун масъалаи муҳими баррасишаванда пешниҳод намудааст.
Аҳлиддин Нуриддинзода изҳор дошт, ки таҳкими муносибатҳо дар доираи SPECA яке аз афзалияти сиёсати иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Инчунин Тоҷикистон роҳбарии Гурӯҳи кории SPECA оид ба савдоро ба уҳда дорад. Мулоқоти имрӯза имкон медиҳад, ки масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории давлатҳои узви SPECA, таъсиси Фонди боварии SPECA ва татбиқи минбаъдаи ҳадафҳои устувори савдо дар минтақа дар он матраҳ гарданд.
Бо ин ҳамкории байниҳукуматӣ дар доираи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором низ ба таври васеъ тақвият меёбад.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд






