Дар Душанбе ҷаласаи 19-уми Шурои роҳбарикунанда ва иқтисодии SPECA баргузор мешавад

Сентябрь 17, 2024 20:00

ДУШАНБЕ, 17.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 16 сентябр ба тариқи видеоконфронс ҷаласаи машваратӣ оид ба омодагӣ бобати баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (SPECA) дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин Нуриддинзода баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд.

Дар ҷаласа муовинони вазирони иқтисоду савдои кишварҳои аъзои SPECA, намояндагиҳои доимии давлатҳои иштирокчӣ дар назди шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева, Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо, инчунин Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором иштирок намуданд.

Тибқи рӯзнома, дар ҷаласа масъалаҳои омодагӣ ба чорабиниҳои сатҳи баланди SPECA, аз ҷумла ҷаласаи 19-уми Шурои роҳбарикунанда ва Форуми иқтисодии SPECA дар шаҳри Душанбе, лоиҳаи «Эъломияи Душанбе», ташаббусҳои кишварии ҷонибҳо ва Тоҷикистон, инчунин таъсиси Фонди боварии SPECA баррасӣ гардиданд.

Зимни мулоқоти маҷозӣ Аҳлиддин Нуриддинзода иброз намуд, ки дар асоси ризоияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 26 августи соли 2024,    26-28 ноябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди Барномаи SPECA, аз ҷумла ҷаласаи 19-уми Шурои роҳбарикунанда ва Форуми иқтисодии SPECA тасдиқ гардид.

Дар ин раванд Тоҷикистон ба тақвияти ҳамкорӣ дар самти рақамикунонии соҳаҳо дар доираи барномаи SPECA аҳамияти махсус зоҳир намуда, дар давраи раёсати худ рушди «сабз»-ро ҳамчун масъалаи муҳими баррасишаванда пешниҳод намудааст.

Аҳлиддин Нуриддинзода изҳор дошт, ки таҳкими муносибатҳо дар доираи SPECA яке аз афзалияти сиёсати иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Инчунин Тоҷикистон роҳбарии Гурӯҳи кории SPECA оид ба савдоро ба уҳда дорад.  Мулоқоти имрӯза имкон медиҳад, ки масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории давлатҳои узви SPECA, таъсиси Фонди боварии SPECA ва татбиқи минбаъдаи ҳадафҳои устувори савдо дар минтақа дар он матраҳ гарданд.

Бо ин ҳамкории байниҳукуматӣ дар доираи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором низ ба таври васеъ тақвият меёбад.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 17, 2024 20:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Раёсати ҷониби Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти омори мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
Байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «РВБ» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ баргузор гардид
Ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб густариш меёбад
Дар Душанбе ҳамкории ширкатҳои австриягӣ дар бунёди неругоҳҳои барқи обӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форум-намоишгоҳи байналмилалии сохтмонӣ 100+ TechnoBuild иштирок намуд
Ҳамлу нақли транзитии воситаҳои нақлиёти боркаш тавассути қаламрави Тоҷикистон ва Узбекистон бе рухсатнома амалӣ мегардад
Дар дарёи Ғунд Неругоҳи барқи обии «Чарсем» бунёд карда мешавад
Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ доир мегардад
Робитаҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистон ва Озарбойҷон тавсеа меёбанд
Дар Душанбе лоиҳаи «Маблағгузории соҳибкории занон» баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд ҳамкориро дар самти экология, энергетика ва саноат тақвият мебахшанд