Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад

Сентябрь 18, 2024 08:26

ДУШАНБЕ, 18.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. 19 сентябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласа аъзои шуро аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия, Арманистон ва Беларус иштирок мекунанд.

Дар доираи ҷаласа баимзорасонии созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Федератсияи Русия дар назар аст.

Бояд ёдовар шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои ин шуро ҳамчун нозир иштирок намуда, шуруъ аз соли 2021- баъд аз гузаштани расмиёти дохилидавлатӣ узви комилҳуқуқи шуро интихоб гардид.

Ҷаласаи VIII Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия 4 июли соли 2023 дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия баргузор гардид. Дар асоси қарори ин ҷаласа Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамраиси Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил интихоб шуд.

Тасмим гирифта шуд, ки ҷаласаи навбатии Шуро соли 2024 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шавад.

АКС аз бойгонӣ

Сентябрь 18, 2024 08:26

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад