Дар Душанбе бо ҳайати сармоягузорони Амрико ва Британияи Кабир мулоқот доир шуд

Сентябрь 17, 2024 16:28

ДУШАНБЕ, 17.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Новобаста аз фазои мураккаби сиёсиву иқтисодии ҷаҳон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешравиҳои назаррас дар ҳама соҳаҳо ба мушоҳида расида, рушди босуботи иқтисодиву молиявӣ таъмин мегардад. Ин нуктаро Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар мулоқот бо ҳайати баландпояи идоракунандаи фондҳо ва таҳлилгарони сармоягузории Амрико ва Британияи Кабир бо роҳбарии Президенти ширкати амрикоии «Trans – National Research» Марк Зивет дар шаҳри Душанбе таъкид намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҳамсуҳбатонро бо вазъи кунунии низоми бонкии мамлакат, сиёсати монетарӣ, нигоҳдории сатҳи таваррум дар доираи нишондиҳандаҳои пешбинишуда, омори низоми бонкӣ ва имконоти мавҷуда барои ҷалби сармоягузорӣ ва қонунгузории низоми бонкӣ шинос намуд.

Намояндагони ширкатҳои амрикоӣ ва бритониёӣ омодагиашонро барои ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон иброз намуданд. Ҳадафи сафари ҳайат гузаронидани таҳлили макроиқтисодӣ ва арзёбии ҳамаҷониба, афзалияти рушди иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ мебошад.

Изҳори умед карда шуд, ки ин вохӯрӣ барои тақвияти ҳамкорӣ дар бахшҳои сармоягузорӣ ва тиҷорат, густариши робитаҳои иқтисодии давлатҳо ва таҳкими минбаъдаи ҳамкории бахшҳои гуногуни иқтисодии давлатҳо заминаи мусоид фароҳам меорад.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Сентябрь 17, 2024 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 9.9500 то 10.2212 сомонӣ муқаррар гардидааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд