Дар Душанбе Форуми тиҷоратии Тоҷикистон ва Тотористон баргузор гардид

Сентябрь 5, 2024 10:26

ДУШАНБЕ, 05.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 4 сентябр дар шаҳри Душанбе Форуми тиҷоратии Точикистон ва Тотористон баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони расмӣ ва доираҳои тиҷоратии ду давлат иштирок намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар форум Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо  ëдоварӣ аз фазои сармоягузорӣ дар мамлакат татбиқи ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, нафт, коркарди захираҳои табиӣ, саноати сабук, саноати доруворӣ, сайëҳӣ ва омода намудани мутахассисонро дар ин самтҳо ба манфиати ҷонибҳо арзëбӣ намуд.

Роҳбари ҳайати Тотористон — раиси Палатаи савдо ва саноати ин кишвар Олег Коробченко бо пешниҳоди ролики тарғиботӣ иқтидори саноатии ин минтақаи Федератсияи Русияро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.

Пас аз маросими расмии  форум байни ширкатҳои хусусиву давлатии ду  давлат шартномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки бизнес–форуми доираҳои кории Тоҷикистон ва Тотористон дар ҳошияи Конфронси минтақавии ҳамкории Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид.

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 5, 2024 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд