Дар Душанбе Форуми тиҷоратии Тоҷикистон ва Тотористон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 05.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 4 сентябр дар шаҳри Душанбе Форуми тиҷоратии Точикистон ва Тотористон баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони расмӣ ва доираҳои тиҷоратии ду давлат иштирок намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар форум Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо ëдоварӣ аз фазои сармоягузорӣ дар мамлакат татбиқи ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, нафт, коркарди захираҳои табиӣ, саноати сабук, саноати доруворӣ, сайëҳӣ ва омода намудани мутахассисонро дар ин самтҳо ба манфиати ҷонибҳо арзëбӣ намуд.
Роҳбари ҳайати Тотористон — раиси Палатаи савдо ва саноати ин кишвар Олег Коробченко бо пешниҳоди ролики тарғиботӣ иқтидори саноатии ин минтақаи Федератсияи Русияро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.
Пас аз маросими расмии форум байни ширкатҳои хусусиву давлатии ду давлат шартномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки бизнес–форуми доираҳои кории Тоҷикистон ва Тотористон дар ҳошияи Конфронси минтақавии ҳамкории Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид.
АКС аз манбаъҳои боз








Аз ноҳияи Дӯстӣ ба Федератсияи Русия маҳсулоти кишоварзӣ содирот мегардад
Кишоварзони ноҳияи Восеъ дар беш аз 7 ҳазор гектар пунбадона кишт менамоянд
Оид ба рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиёӣ форуми байналмилалӣ доир мешавад
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмуни «Топ-35- шарики боэтимоди сол» баргузор мегардад
Ҳайати Тоҷикистон дар маҷлиси машваратии давлатҳои электорати Хазинаи байналмилалии асъор иштирок намуд
«Shohin Airlines» 4 ҳавопаймои силсилаи «Airbus A320neo» мехарад
Ҳайати Тоҷикистон дар Вашингтон масъалаҳои молиявӣ ва иқтисодиро бо шарикони байналмилалӣ баррасӣ намуд
Дар Душанбе ҳамоиши намояндагони тиҷоратии давлатҳои БРИКС ва СҲШ баргузор гардид
Имконоти зеҳни сунъӣ ва гидроэнергияи «сабз»-и Тоҷикистон ба «Goldman Sachs» муаррифӣ карда шуд
Дар ноҳияи Роштқалъа дуюмин Парки технологӣ бунёд карда мешавад
Паём – санади муҳими сарнавиштсоз ва роҳнамо барои рушди устувори Тоҷикистон
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Ассотсиатсияи энергетикии ИМА баррасӣ шуд






