Дар Душанбе нахустин Форуми миллӣ оид ба рушди устувор тавассути инноватсия ва рақамишавӣ баргузор гардид

Сентябрь 20, 2024 16:00

 ДУШАНБЕ, 20.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе нахустин Форуми миллии «Рушди устувор тавассути инноватсия ва рақамишавӣ: ҳукумати электронӣ ва тиҷорати рақамӣ» баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Дар ҷараёни форум масъалаҳои ҳукумати электронӣ, аз ҷумла хизматрасонии электронии давлатӣ, идоракунии рақамӣ дар мақомот, иқтисоди рақамӣ ва тиҷорати рақамӣ, амнияти киберӣ ва рушди инфрасохтори ҳаëтан муҳими телекоммуникатсионӣ, саводнокии рақамӣ ва дастрасӣ ба интернет, инчунин усулҳои глобалӣ  ва миллии идоракунии рақамӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо иброз намуд, ки «ҳадафи Форуми миллӣ оид ба рушди устувор тавассути инноватсия ва рақамишавӣ, аз ҷумла ҳукумати электронӣ ва тиҷорати рақамӣ- ин ташкил намудани муҳити бисёрҷониба барои баррасии масъалаҳои сиёсати идоракунии рақамӣ дар соҳаҳои мухталифи иқдисодию иҷтимоии мамлакат мебошад».

Ҳамчунин гуфта шуд, ки ҳукумати электронӣ дар самти хизматрасонии тиҷорати электронӣ хуб амалӣ мегардад. Ҳамзамон гардиши маблағҳо тавассути воситаҳои электронӣ ба роҳ монда мешавад, ки ин омили муҳимтарини тиҷорати электронӣ мебошад. Ҳангоми рушди иқтисоди рақамӣ якчанд ҷиҳати мусбат ва дорои бартарии онро мушоҳида кардан мумкин аст. Инҳо сарфаи вақт, сарфаи маблағ, интихоб, рақобатпазирӣ ва дастрасӣ ба иттилооти электронӣ доир ба молу маҳсулот, шаффофият ва мониторинг  мебошанд.

Дар мамлакат «Консепсияи иқтисоди рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» қабул карда шудаанд. Илова бар ин Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи имзои рақамӣ қабул гардидааст. Ин барномаву консепсияҳо ба рушди ҳамкории тиҷоратӣ, роҳёбии бештар ба бозори ҷаҳонӣ тавассути рақамикунонии соҳа, таъмини низоми содакардашудаи савдои электронӣ, содагардонии расмиёти савдо ва ҷалби сармояи хориҷӣ раовна шудаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15 апрели соли 2021 дар ҷаласаи нахустини Шурои илм, маориф ва инноватсия зарурати дар истеҳсолот татбиқ намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсиониро таъкид намуда, чунин иброз доштанд: «Замони муосир талаб мекунад, ки тамоми равандҳои иқтисодӣ ва хизматрасонӣ тавассути истифода аз технологияҳои рақамӣ ва иттилоотиву иртиботӣ дар заминаи инфрасохтори иттилоотӣ амалӣ карда шаванд».

Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода иброз намуд, ки солҳои охир иқтисоди рақамии глобалӣ босуръат рушд менамояд. Аз ҷумла, дар даҳсолаи охир ҳиссаи иқтисоди рақамӣ дар Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ беш аз 15 фоиз афзоиш ёфтааст. Тибқи арзёбии созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, дар сурати татбиқи минбаъдаи рақамикунонӣ саҳми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ то 30 фоиз афзоиш меёбад.


Завқӣ Завқизода афзуд, ки дар ҳашт соли охир ҳаҷми умумии тиҷорати электронӣ аз 17 триллион доллар то ба 27 триллион доллар  ё 1,6 маротиба зиёд шудааст. Аз рақамҳои боло бармеояд, ки рақамикунонӣ яке аз манбаъҳои асосии  иловагии рушди устувори истеҳсолӣ дар тамоми давлатҳо ба ҳисоб меравад.

Зимни форум гуфта шуд, ки рақамикунонӣ- ин татбиқи  технологияҳои васеи рақамӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат, кишоварзӣ, маориф, хизматрасонӣ ва ғайра мебошад. Технологияҳои рақамӣ барои инсон имконияти нави воридшавӣ ба муҳити автоматикунонидаи тамоми фаъолияти ҷамъиятиро фароҳам овард. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рақамикунонии тамоми соҳаҳои иқтисодиёт диққати ҷиддӣ медиҳад.

Ҳамчунин иброз гардид, ки дар раванди рақамикунонӣ ягона талаботи муҳим ин аст, ки шаҳрванд бояд дар маркази диққат қарор дошта бошад. Зеро тиҷорати электронӣ роҳи нави тараққиёти мамлакат буда, омили вусъати ҳамкорӣ мегардад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитсон

Сентябрь 20, 2024 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

24 МАЙ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОРХӮР. Дар Тоҷикистон саршумори ин ҳайвони нодири пармашох ба 7 000 сар расидааст
Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ҳамкориро дар бахши шуғл ва омодасозии кадрҳо тақвият мебахшанд
Баҳодур Шерализода дар Ню-Йорк ва Вашингтон бо шарикони рушд ва ниҳодҳои байналмилалӣ оид ба ҳамкории иқлимӣ мулоқот намуд
МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ. Ҷаласаи якуми гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба татбиқи Стратегияи давлатӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Боку Форуми соҳибкории Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуд
РАҚАМИКУНОНИИ ҲАМЛУ НАҚЛ. Тоҷикистон ва Қирғизистон нахустин маротиба низоми байналмилалии eTIR-ро озмуданд
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Котиботи давлатии Швейтсария оид ба масъалаҳои иқтисодӣ баррасӣ гардид
Вазорати молия натиҷаҳои таҳқиқоти «Буҷети кушода»-и соли 2025-ро муаррифӣ намуд
Дар Боку ҷаласаи 8-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуд
Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро барои рушди энергетикаи «сабз» густариш медиҳанд
Дар Боку ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон баррасӣ гардид
Бахшида ба Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш доир шуд