Дар Душанбе озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» баргузор гардид

Сентябрь 3, 2024 11:02

ДУШАНБЕ, 03.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» баргузор гардид. Дар озмун 12 довталаб аз ҳисоби кормандони мақомоти ноҳияҳои пойтахт ва  шаҳри Душанбе иштирок карда, донишу малака ва кордонии худро манзури ҳакамон намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Озмун бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир шуда, дар шаҳри Душанбе бо мақсади тақвият бахшидан ба донишу малака ва касбияти занон-хизматчиёни давлатӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ифтихори миллӣ гузаронида мешавад.

Озмун дар асоси Низомнома аз рӯи бахшҳои занон-хизматчиёни давлатие, ки дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ фаъолият доранд ва занон-хизматчиёни давлатие, ки дар мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ фаъолият менамоянд, доир гардид.

Довталабоне, ки дар озмун иштирок карданд, дорои сифатҳои касбӣ, сифатҳои кордонӣ ва сифатҳои ахлоқӣ буда, ба дониши онҳо аз рӯи меъёрҳои навиштани иншо бо забони давлатӣ, навиштани диктант бо забони русӣ, муаррифии лоиҳаи довталаб оид ба беҳтар намудани фаъолияти воҳиди сохтори мақомоти давлатӣ ва бартараф кардани камбудиҳо дар самти муайян, кор бо технологияи иттилоотӣ ва саволу ҷавоби соҳавию умумӣ баҳо дода шуд.

Дар натиҷа беҳтаринҳо муайян гардида, ба даври ҷумҳуриявии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» роҳхат гирифтанд.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Сентябрь 3, 2024 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид