Дар Эрон теъдоди ҳалокшудагони таркиш дар кони ангишт ба 50 нафар расид

Сентябрь 23, 2024 11:31

ДУШАНБЕ, 23.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди ҳалокшудагон бар асари таркиш дар кони ангишт дар шаҳри Тебес дар шимолу шарқи Эрон ба 50 нафар расида, 20 нафар захмӣ шудаанд. Дар ин хусус агентии эронии Tasnim иттилоъ додааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

Ба иттилои манбаъ, таркиш дар кони ангишт бар асари ихроҷи метан дар яке аз нақбҳо рух додааст. Ҳангоми таркиш дар қисматҳои В ва С-и кон 69 нафар ангиштканон будаанд. Ҷасади 20 коргари кон аз қисмати «Б» бароварда шуда, тамоми 30 нафаре, ки дар қисмати С кор мекарданд, ҳалок шудаанд. Ба зарардидагон ёрии тиббӣ расонида мешавад.

Қаблан шабакаи телевизионии давлатии Эрон Press TV иттилоъ дода буд, ки бар асари таркиш дар кон 30 нафар ҳалок ва 17 нафар захмӣ шудаанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 23, 2024 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид