Дар Фаронса мониторинги тавсияҳои Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд доир гардид

Сентябрь 24, 2024 13:15

ДУШАНБЕ, 24.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 18-19 сентябр дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса ҷараёни иҷрои даври 5-уми мониторинги тавсияҳои Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд дар доираи нақшаи истанбулии амалҳои мубориза бар зидди коррупсия барои давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ мавриди натиҷагирӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни ҷаласа гурӯҳи мониторингӣ, ки ҷараёни иҷрои тавсияҳои шабакаро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди арзёбӣ қарор дода буд, вобаста ба 9 самти баҳодиҳӣ, аз ҷумла сиёсати зиддикоррупсионӣ, бархӯрди манфиатҳо ва эъломиякунонии дороиҳо, ҳимояи хабаррасонҳо, покниҳодӣ дар тиҷорат, покниҳодӣ дар самти хариди давлатӣ, мустақилияти ҳокимияти судӣ, мустақилияти мақомоти прокуратура, ниҳодҳои махсуси мубориза бо коррупсия ва ҷавобгарӣ барои содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ ибрози андеша намуданд.

Тибқи барномаи кории нишаст, 17 сентябри соли равон ҳисоботи давлатҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Муғулистон шунида ва баррасӣ шуда, ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Узбекистон ҳисоботи мониторингиро 18 сентябр ҳимоя намуданд.

Муовини якуми директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун роҳбари ҳайати расмӣ доир ба азму иродаи қотеъонаи мақомоти Тоҷикистон дар амалигардонии сиёсати байналмилалии зиддикоррупсионӣ ва муқовимат ба ин зуҳуроти номатлуб изҳори назар намуда, тақвияти кӯшишҳои дастҷамъона ва ҳамкории густурдаро дар ин самт яке аз роҳҳои муассири ноил гардидан ба ин ҳадафҳои нақшавӣ арзёбӣ намуд.

Зимнан намояндагони ҷумҳуриҳои Булғористон, Арманистон, Босния ва Герсоговина доир ба таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти амалӣ намудани сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ, ба роҳ мондани хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ, таҳкими фазои мусоиди сармоягузорӣ, инчунин фаъолияти мақомоти бо коррупсия муборизабаранда ба ҳайати расмии мамлакат саволҳо пешниҳод карда, доир ба он ҷавобҳои мушаххас ва қонеъкунанда гирифтанд.

Дар умум ҷаласа дар фазои ҳусни тафоҳум ба анҷом расида, иштирокчиён изҳори боварӣ намуданд, ки таҷрибаи андӯхта барои густариши ҳамкории судманд бобати ба роҳ мондани муқовимати дастҷамъона ба коррупсия дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон заминаи мусоид фароҳам меоварад.

АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 24, 2024 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад