Дар Хуросон вобаста ба пешгирии хурофот ва ифротгароӣ бо ходимони дин вохӯрӣ доир гардид

Сентябрь 24, 2024 15:00

ДУШАНБЕ, 24.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Хуросон доир ба пешгирии равандҳое, ки дар ҷаҳони муосир идома доранд, аз ҷумла бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ бо ходимони дин вохӯрӣ диор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон хабар доданд.

Иброз гардид, ки ифротгароӣ  яке аз зуҳуроти номатлуби замони муосир буда, мақсади он аз байн бурдани давлатҳо, миллатҳо ва халқҳо мебошад. Ифротгаро касе аст, ки ба барангехтани низои нажодӣ, миллӣ-иҷтимоӣ ва динӣ даъват мекунад.

Имрӯзҳо шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз роҳҳо ва омилҳои ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ гардидаанд. Дар ин самт фаъолони гурӯҳҳои ифротӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавод ва маълумотро интихобан нашр менамоянд, то ба ин васила мағзи ҷавононро шуста, фикри онҳоро нисбат ба волидайн, ҷомеа, давлат ва инсоният тағйир диҳанд.

Аз ин рӯ таъкид гардид, ки пешгирии ин зуҳуроти хавфнок ва мубориза бо ифротгароию экстремизми динӣ-сиёсӣ танҳо вазифаи ниҳодҳои дахлдор нест, балки тамоми шаҳрвандон, бахусус ходимони дин бояд дар ин самт саҳми назаррас дошта бошанд. Чунки ин омилҳои номатлуб ба рушди минбаъдаи давлат халали ҷиддӣ ворид намуда, ба ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ ва бехатарии мамлакат таҳдид менамоянд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон

Сентябрь 24, 2024 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид