Дар қитъаҳои муайяни роҳи байналмилалии Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Кулма биноҳои маъмурӣ ва озмоишгоҳ сохта мешаванд
ХОРУҒ, 17.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади расонидани кумаки техникӣ ба ҷараёни сохтмони роҳу пул байни шаҳри Хоруғ ва деҳаи Варшези ноҳияи Шуғнон дар Ҷамоати деҳоти Навободи ин ноҳия бинои маъмурӣ ва ташхисгоҳ сохта мешавад, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.
Бино барои фаъолияти муназзами мутахассисони Муассисаи давлатии хоҷагии роҳҳои автомобилгарди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пешбинӣ шудааст, то онҳо имконият дошта бошанд баъди ба истифода додани ин роҳи байналмилалӣ сифати роҳро назорат ва дар вақтҳои зарурӣ онро таъмир кунанд.
Ба иттилои мутахассисони муассиса, баъди ба анҷом расонидани сохтмони қитъаи шоҳроҳи автомобилгарди Қалъаи Хумб то даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон бунёди қитъаи роҳи автомобилгарди ноҳияи Рӯшон-мавзеи Варшези ноҳияи Шуғнон оғоз меёбад. Бо мақсади беҳтар намудани сохтмон дар ин қитъаи роҳ ҳамчунин дар маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ бунёди бинои маъмурӣ ва озмоишгоҳ барои роҳсозон идома дорад.
Муҳандиси роҳсоз Некрӯз Худоёров гуфт, ки «то моҳи декабри соли равон ҳамаи корҳои рангуборкунӣ, сабзазоркунӣ ва таҷҳизонидани утоқҳои корӣ ва ташхисгоҳ дар ин маҳалла ба анҷом расонида шуда, бинои маъмурӣ мавриди истифода қарор мегирад. Дар ин ҷо ҳамаи шароити корӣ ва маишӣ фароҳам оварда шудааст. Бино аз се ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум утоқҳои корӣ ва маҷлисгоҳ ҷой дода шудаанд. Ду ошёнаи дигар дар баробари утоқҳои корӣ ҳамчунин ҳуҷраҳои хоб ва ошхонаву меҳмонхона низ доранд».
Чунин биноҳои маъмурӣ дар дигар қитъаҳои роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Қалъаи Хумб-Хоруғ-Кулма бунёд мегарданд.
Дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва Рӯшон чунин биноҳои маъмурию иҷтимоӣ барои фаъолияти пурсамари мутахассисони соҳаҳои роҳу нақлиёт- роҳсозон бунёд гардидаанд. Дар ояндаи наздик дар маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ ва Навободи ноҳияи Шуғнон низ чунин иншоот бо риояи ҳамаи меъёрҳои муосири роҳсозӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд.
Дар назди ҳар бинои маъмурӣ ташхисгоҳ сохта мешавад. Ҳоло дар маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ бунёди чунин ташхисгоҳ идома дошта, то фарорасии соли нави мелодӣ ба истифода дода мешавад. Ин ташхисгоҳ бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардида, барои санҷиши таркиби санг, хоку шағал ва сифати мумфаршкунии роҳҳои мошингард пешбинӣ шудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






