Дар қитъаҳои муайяни роҳи байналмилалии Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Кулма биноҳои маъмурӣ ва озмоишгоҳ сохта мешаванд

Сентябрь 17, 2024 09:14

ХОРУҒ, 17.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади расонидани кумаки техникӣ ба ҷараёни сохтмони роҳу пул байни шаҳри Хоруғ ва деҳаи Варшези ноҳияи Шуғнон дар Ҷамоати деҳоти Навободи ин ноҳия бинои маъмурӣ ва ташхисгоҳ сохта мешавад, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.

Бино барои фаъолияти муназзами мутахассисони Муассисаи давлатии хоҷагии роҳҳои автомобилгарди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  пешбинӣ шудааст, то онҳо имконият дошта бошанд баъди ба истифода додани ин роҳи байналмилалӣ сифати роҳро назорат ва дар  вақтҳои зарурӣ онро таъмир кунанд.

Ба иттилои мутахассисони муассиса, баъди ба анҷом расонидани сохтмони қитъаи шоҳроҳи автомобилгарди Қалъаи Хумб то даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон бунёди қитъаи роҳи автомобилгарди ноҳияи Рӯшон-мавзеи Варшези ноҳияи Шуғнон оғоз меёбад. Бо мақсади беҳтар намудани сохтмон дар ин қитъаи роҳ ҳамчунин дар маҳаллаи  Теми шаҳри Хоруғ бунёди бинои маъмурӣ ва озмоишгоҳ барои роҳсозон идома дорад.

Муҳандиси роҳсоз Некрӯз Худоёров гуфт, ки «то моҳи декабри соли равон ҳамаи корҳои рангуборкунӣ, сабзазоркунӣ ва таҷҳизонидани утоқҳои корӣ ва ташхисгоҳ дар ин маҳалла ба анҷом расонида шуда, бинои маъмурӣ мавриди истифода қарор мегирад. Дар ин ҷо ҳамаи шароити корӣ ва маишӣ фароҳам оварда шудааст. Бино аз се ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум утоқҳои корӣ ва маҷлисгоҳ ҷой дода шудаанд. Ду ошёнаи дигар дар баробари утоқҳои корӣ ҳамчунин ҳуҷраҳои хоб ва ошхонаву меҳмонхона низ доранд».

Чунин биноҳои маъмурӣ дар дигар қитъаҳои  роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Қалъаи Хумб-Хоруғ-Кулма бунёд мегарданд.

Дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва Рӯшон чунин биноҳои маъмурию иҷтимоӣ барои фаъолияти пурсамари мутахассисони соҳаҳои роҳу нақлиёт- роҳсозон бунёд гардидаанд. Дар ояндаи наздик дар маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ ва Навободи ноҳияи Шуғнон низ чунин иншоот бо риояи ҳамаи меъёрҳои муосири роҳсозӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Дар назди ҳар бинои маъмурӣ ташхисгоҳ сохта мешавад. Ҳоло  дар маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ бунёди чунин ташхисгоҳ идома дошта, то фарорасии соли нави мелодӣ ба истифода дода мешавад. Ин ташхисгоҳ бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардида, барои санҷиши  таркиби санг, хоку шағал ва сифати мумфаршкунии роҳҳои мошингард пешбинӣ шудааст.

 АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 17, 2024 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ 295 иншооти хурду бузург ба истифода дода шудааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ёвон роҳҳои байни деҳаҳо мумфарш карда мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ бинои иловагии муассисаи таҳсилоти томактабӣ сохта мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон тарабхонаи “Кайҳон”-ро  ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи панҷошёнаи “Кайҳон”-и ҶСК  “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газаблоки “Хишти муосири аълосифат”-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мактаби санъати шаҳри Бӯстонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд корхонаю коргоҳҳои ҶДММ Сирдарёро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи коркарди меваю сабзавоти ҶДММ «ДороАртФуд»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти томактабии №6-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич 5 кӯдакистон, муассисаи таълимӣ, толори варзишӣ ва бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд