Дар Кушониён масъалаи хобонидани биокомпост дар шароити водии Вахш баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 24.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дарёфти роҳу усулҳои муосири самаранок истифода бурдани нуриҳои микробиологӣ дар шароити тағйирёбии иқлим ва мутобиқ намудани зироати кишоварзӣ дар шароити имрӯза, роҳҳои пешгирӣ ва барқарор намудани мувозинати биологии хок дар рушди соҳаи кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилхезии хок, ба даст овардани маҳсулоти босифату аз лиҳози экологӣ тоза ва роҳҳои биологии пешгирии шӯршавии замин дар конференсияи илмию амалии минтақавӣ дар мавзуи «Таъсири нуриҳои микробиологӣ ба хусусияти хоку растанӣ ва моҳияти хобонидани биокомпост дар шароити водии Вахш», ки дар ноҳияи Кушониён баргузор шуд, баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон хабар доданд.
Таҳкими ҳамкорӣ байни Институти хокшиносӣ ва агрохимия бо хоҷагиҳои деҳқонии минтақаи водии Вахш барои баланд бардоштани малакаи хоҷагидорон бобати самаранок истифода бурдани нуриҳои микробиологӣ, технологияҳои хобонидани тарзҳои гуногуни биокомпост ва нуриҳои минералию органикӣ бо мақсади зиёд намудани ҳосилнокӣ ва маҳсулнокии зироати кишоварзӣ дар самти таъмини амнияти озуқавории мамлакат аз тадбирҳои судманд мебошад.
Дар конфронс иштирокчиён раванди баланд бардоштани истифодаи самараноки нуриҳои органикӣ ва микробиологиро дар заминҳои обёришавандаи водии Вахш муҳим арзёбӣ карданд.
АКС: Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






