Дар маркази ноҳияи Мастчоҳ биноҳои истиқоматии бисёрошёна сохта мешаванд
ДУШАНБЕ, 04.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ободшавии Дашти Дилварзин дар маркази ноҳияи Мастчоҳ – шаҳраки Бӯстон сохтмони иншооти гуногун, аз ҷумла биноҳои истиқоматии баландошёна ба нақша гирифта шудааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ хабар медиҳад.
Раиси ноҳияи Мастчоҳ бо сохтмони яке аз биноҳои истиқоматӣ шинос шуд. Бинои истиқоматӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ сохта шуда, аз 9 ошёна ва 108 манзил, аз ҷумла 36 манзили якҳуҷрагӣ, 54 манзили дуҳуҷрагӣ ва 18 манзили сеҳуҷрагӣ иборат мебошад.
Хонаҳои истиқоматӣ мувофиқ ба талаботи рӯз бунёд шуда, дар бино насби лифт, дар саҳни бино майдончаҳои бозӣ барои кӯдакон ва таваққуфгоҳ барои нақлиёт ба нақша гирифта шудааст.
Бинои истиқоматии бисёрошёна аввалин биное аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ дар ноҳия бунёд мегардад. Тибқи нақша, дар маркази ноҳия дар оғози соли 2025 сохтмони боз 4 бинои истиқоматии баландошёна дар назар аст. Бо мавриди истифода қарор гирифтани онҳо сатҳи зиндагии сокинон беҳтар мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд






