Дар Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот баргузор шуд

Сентябрь 25, 2024 16:17

ДУШАНБЕ, 25.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 24 сентябр бо мусоидати Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дар Донишгоҳи техникии алоқа ва информатикаи Москва мулоқоти муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои олии Федератсияи Русия таҳсил менамоянд, баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад. 

Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба донишҷӯён дар мавзуи дастовардҳои Тоҷикистон дар давраи 33 соли истиқлолият, таблиғи худшиносӣ, ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ва ҳувияти миллии ҷавонон сухан гуфта, дастгирии доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фароҳамсозии шароити мусоид барои таҳсил ва рушди минбаъдаи ҷавонон таъкид намуд.

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода гуфт, ки донишҷӯён бояд дар дарсҳо иштирок намуда, дар корҳои ҷамъиятии донишгоҳҳо фаъолона саҳм гузоранд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки донишҷӯён бо иродаи устувор, дониши мукаммал ва одобу ахлоқи ҳамида намунаи ибрат шуда, аз ҳамроҳшавӣ ба ҳар гуна ҷинояткорӣ, ҳодисаҳои номатлуб ва равияҳои динии бегона худдорӣ намоянд.

Муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода аз муҳтавои суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо ҷавонони мамлакат чунин иқтибос овард: «Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кадрҳои баландихтисос эҳтиёҷ дорад ва шумо одамони хушбахт мебошед, ки имконияти хуби таълим доред. Бино бар ин, аз шароити мусоиди бароятон фароҳамгашта хуб истифода бурда, илм омӯзед, соҳибкасб шавед ва давлат шуморо ҳатман қадр хоҳад кард».

Абдураҳмон Аламшозода мақсади баргузории вохӯриро иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» арзёбӣ намуда, доир ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024, мубориза ва муқовимат бо экстремизм ва терроризм, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва тарбия намудани насли наврасу ҷавон дар руҳияи худшиносиву меҳандӯстӣ сухан гуфт.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ба донишҷӯён тавсия дода шуд, ки вақти холии худро ба омӯхтани касбҳои муосир, забонҳои хориҷӣ ва илму техникаи замонавӣ сарф намоянд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия

Сентябрь 25, 2024 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба рушди забони давлатӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
МАВЛОНО-ОФТОБИ МАЪРИФАТИ БАШАРӢ. Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ – адабӣ доир шуд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ муайян мегарданд
Даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар Бадахшон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид