Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9-и Норак 6 синфхонаи иловагӣ ба истифода дода шуд
НОРАК, 02.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9-и шаҳри Норак 6 синфхонаи иловагӣ сохта, ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак иттилоъ доданд.
Сохтмони 6 синфхонаи иловагӣ дар ҳудуди ин муассиса барои 300 нафар хонанда, воқеъ дар маҳаллаи Энергетики минтақаи манзилии рақами 4-и шаҳри Норак дар доираи корҳои ободонию бунёдӣ ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардид.
Синфхонаҳои иловагӣ дар заминаи ҳамкории дуҷонибаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ва давлати Ҷопон дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланд сохта шуданд.
Зимни ба истифода додани синфхонаҳои таълимӣ Раиси шаҳри Норак аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи маориф ёдовар шуд.
Хонандагон ваъда доданд, ки дар ҷавоб ба ғамхориҳои Пешвои миллат хубу аъло хонда, дар оянда ба халқу Ватан хизмат менамоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак








Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд
Ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон зиёда аз 842 ҳазор китоби дарсии «Забони русӣ» ворид гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ду маркази муосири таълимӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиши илмӣ–маърифатӣ доир шуд
Пешвои миллат: «Бе донистани забони адабии тоҷикӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ номумкин аст»
Дар Душанбе доир ба саҳми Пешвои миллат дар рушди забони тоҷикӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ЗЕҲНИ СУНЪӢ–ЭЪТИМОД, АМНИЯТ ВА РУШД». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар Рашт ҳамоиши илмӣ доир гардид






