Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9-и Норак 6 синфхонаи иловагӣ ба истифода дода шуд

Сентябрь 2, 2024 11:19

НОРАК, 02.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9-и шаҳри Норак 6 синфхонаи иловагӣ  сохта, ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак иттилоъ доданд.

Сохтмони 6 синфхонаи иловагӣ дар ҳудуди ин муассиса барои 300  нафар хонанда, воқеъ дар маҳаллаи Энергетики минтақаи манзилии рақами 4-и шаҳри Норак дар доираи корҳои ободонию бунёдӣ ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардид.

Синфхонаҳои иловагӣ дар заминаи ҳамкории дуҷонибаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ва давлати Ҷопон дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланд сохта шуданд.

Зимни ба истифода додани синфхонаҳои таълимӣ Раиси шаҳри Норак аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи маориф ёдовар шуд.

Хонандагон ваъда доданд, ки дар ҷавоб ба ғамхориҳои Пешвои миллат хубу аъло хонда, дар оянда ба халқу Ватан хизмат менамоянд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак

Сентябрь 2, 2024 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид