Дар Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо байни наврасон дар Ёвон 9 варзишгари ноҳия сазовори ҷойи намунавӣ гардид

Сентябрь 22, 2024 12:00

ЁВОН, 22.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар толори варзишии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 80-и ноҳияи Ёвон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва низомномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо байни наврасон баргузор гардид. Дар ин хусус масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ба хабарнигори минтақавии  АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ доданд.

Дар мусобиқа зиёда аз 216 варзишгар (16 духтар) аз тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуда, барои ба даст овардани зинаҳои ифтихорӣ бо ҳам рақобат намуданд.

Дар ин мусобиқа аз ноҳияи Ёвон 36 нафар иштирок намуд, ки дар натиҷа варзишгарони ноҳия 9 медал, аз ҷумла 3 медали тилло, 3 медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Мақсад аз баргузории мусобиқа- муайян кардани беҳтарин варзишгарон, тарғибу ташвиқи ҳунари ҷудо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни варзишгарон ва баланд бардоштани маҳорати варзишии онҳо мебошад

Дар фарҷоми мусобиқа ғолибони ҳамаи вазнҳо бо Диплом ва туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон

Сентябрь 22, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд