Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ҳамоиши вилоятии китобдорон баргузор гардид
Ш.ШОҲИН, 04.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 4 сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи китоб таҷлил мешавад. Бахшида ба ин сана дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо иштироки директорони китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон таҳти унвони «Китобхонаҳои вилоят дар давраи ҷомеаи иттилоотӣ ва ҷаҳонишавӣ» ҳамоиши омӯзишӣ баргузор гардид. Дар ин хусус хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода хабар медиҳад.
Дар ҳамоиш иттилоъ дода шуд, ки дар айни замон дар вилояти Хатлон 492 китобхона фаъолият дошта, дар онҳо 189 компютер, 82 принтер ва 14 сканер мавҷуд аст.
То имрӯз китобхонаҳои вилоятии ба номи Шамсиддин Шоҳин, Садриддин Айнӣ, китобхонаи вилоятии бачагона дар шаҳри Кӯлоб, китобхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Норак, Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ, Ёвон ва ноҳияи Ҳамадонӣ ба шабакаи интернет пайваст гардидаанд.
Ба китобдорон ташкили гӯшаҳои китобҳои тавсиявӣ барои озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ворид намудани адабиёти тозанашр ва ташкили китобхонаҳои электронӣ тавсия дода шуд, ки ин омил ба ҷалби бештари хонандагон мусоидат мекунад.
Тавре корманди Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон Саодат Раҷабзода иттилоъ дод, мақсад аз баргузор намудани ҳамоиш баланд бардоштани савияи дониши китобдорон ва тарзи дурусти корбарию коргузории онҳо бо муштариёни китоб мебошад.
Минбаъд барои баланд бардоштани малакаи кории директорон ва кормандони китобхонаҳо ҳамин гуна ҳамоишҳо ташкил карда мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар шаш моҳ ба маблағи беш аз 487 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ, Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили гандум идома дорад
Дар Тоҷикистон Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МЕЪМОР-2026». Озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ ҷамъбаст шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






