Дар Панҷакент Боғи Абулқосим Фирдавсӣ сохта мешавад

Сентябрь 16, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 16.09.2024. /АМИТ «Ховар»/.  Дар даромадгоҳи шарқии шаҳри Панҷакент Боғи фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи Абулқосим Фирдавсӣ сохта мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар доданд.

Боғи фарҳангию фароғатии Абулқосим Фирдавсӣ дар масоҳати 7600 метри мураббаъ бунёд шуда, тарҳи он ба сози мусиқии тор шабоҳат дорад. Дар он бунёди фаввораҳо, нишастгоҳҳо, чароғпояҳо ва роҳравҳо дар назар дошта шуда, бо гулу дарахтони ороишии ҳамешасабз оро дода мешавад.

Дарвозаи боғ  бо баландиву ҳашамати хосса- услуби меъмории миллӣ ва сутунпояҳои бузурги мармарин, нақшу ороишҳои миллӣ, муҷассамаҳо -рамзи ҳифзу суботи мамлакат бо шакли қаҳрамонҳои достони безаволи «Шоҳнома» сохта мешавад.

Дар пешгоҳи майдони асосии боғ муҷассамаи Абулқосим Фирдавсӣ бо зерпояаш дар баландии 11,7 метр қомат афрохта, дар пасманзар ва паҳлуҳои он деворнигораҳо бо муҳтавои достонҳои безаволи «Шоҳнома», аз ҷумла разми Рустам бо Суҳроб, дар қисмати дигари боғ гузоштани муҷассамаи ду аспи саманд- монанди Рахши Рустам пешбинӣ шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Боғи фарҳангию фароғатии Абулқосим Фирдавсии Тӯсӣ бо ҷонибдорӣ аз иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои нашр ва ба ҳар хонадони тоҷик дастрас намудани «Шоҳнома»-и безавол, арҷгузорӣ ба бузургони миллат ва ба шарафи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мешавад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Сентябрь 16, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд