Дар роҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма сохтмони долони зиддитармавӣ ва пули мошингузар босуръат идома дорад

Сентябрь 1, 2024 10:07

ХОРУҒ, 01.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сохтмони  долони зиддитармавӣ ва пули 80 -метраи мошингузар дар яке аз мавзеҳои хатарноки деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон, ки дар масири шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Мурғоб-Кулма ҷойгир аст, босуръат  идома дорад, иттилоъ  медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.

Ба гуфтаи масъулини ин лоиҳа,  30 фоизи корҳои асосии бунёдиро ба охир расонидаанд ва мутобиқи нақша онро соли оянда ба истифода медиҳанд.  Ин қитъаи роҳ бар асари  омадани  сел зери об монда, се километраш  комилан аз байн рафта, дуюмбора барқарор кардани он  номумкин гардид. Ягона василаи кушодани   роҳ барои нақлиёт ин бунёди долони зиддитармавӣ ва пули мошингузар буд.

Маблагғузори ин лоиҳа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмиллалии рушди гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ буда, амалисозии онро ширкати чинии «Чайна Роад Корпорейшн» бар уҳда гирифт. Дар айни ҳол дар ин қитъаи роҳ 70 нафар роҳсоз бо ҷалби 25 техникаву механизмҳои пуриқтидори роҳсозӣ машғули кор мебошанд.

Муҳандиси ин қиъаи роҳ Сарват Давлатбков гуфт, ки сохтмони долони зиддитармавӣ ва пули мошингузар дар доираи «Барномаи баланд бардоштани устувории инфросохтори роҳ ҳангоми хатарҳои табиӣ»  амалӣ  шуд.

Дар сохтмони долони зиддитармавӣ дар айни замон беш аз 30 фоизи корҳои арматурабофию бетонрезӣ ва  тахту ҳамворкунии замин ба итимом расонида шудааст.

Дар ҷараёни кор ба таҳкурсии ин долон таваҷҷуҳи хос зоҳир карда мешавад. Зеро дар ин қитъаи роҳ дар оянда низ эҳтимоли   омадани селу тарма, афтидани кӯҳпораҳо вуҷуд дорад.  Аз ин рӯ таҳкурсии долон бояд тавре сохта шавад, ки ба ҳамагуна гуна офатҳои тоб оварад ва садсолаҳо ба сокинони мамлакат хизмат кунад. Долон ва пули мошингузар мутобиқи меъёрҳои ҷаҳонии роҳсозӣ сохта мешаванд ва ҳамагуна  мошинҳои мусофирбару борбар бе ягон монеъа аз ин қитъаи роҳ убур хоҳанд намуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 1, 2024 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд