РУШДИ САЙЁҲӢ. Дар шаҳри Бӯстон барои ҳунармандони истеҳсолкунандаи армуғон озмун эълон гардид
ДУШАНБЕ, 14.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон баҳри дарёфти ҳунармандони соҳибистеъдод дар самти истеҳсоли армуғони беҳтарин барои сайёҳон озмуни шаҳрӣ эълон менамояд. Мавод барои иштирок дар озмун дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон то 20 сентябри соли равон қабул карда мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон хабар медиҳад.
Армуғони пешниҳодшуда бояд санъати миллиро инъикос намояд. Ҳамчунин дар армуғонҳо бояд манзараҳои зебои Тоҷикистон, маконҳои таърихӣ ва расму оини миллӣ инъикос гардида бошанд.Армуғони пешниҳодшуда бояд мазмуну муҳтавои баланд дошта, туҳфаи беҳтаринро таҷассум карда тавонад.
Маводи пешниҳодшуда набояд аз бозор харидорӣ гардад, балки он бояд маҳсули дасти ҳунарманд бошад. Муаллиф дар рӯзи баргузории озмун бояд онро муаррифӣ намуда, ҷараёни иҷрои онро нишон диҳад.
Дар озмун ҳунармандон ва сокинони шаҳри Бӯстон, ки ба истеҳсоли армуғон ва маҳсулоти ҳунармандӣ машғул мебошанд ва дар ташкилоту муассисаҳои ҳудуди шаҳри Бӯстон фаъолият менамоянд, бо пешниҳоди маълумотнома аз ҷойи кор метавонанд иштирок намоянд.
Ғолибони озмун бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон сарфароз гардонида мешаванд.
Озмун бо мақсади тарғиби таҷрибаи беҳтарини ҳунармандон дар самти истеҳсоли армуғони беҳтарин барои сайёҳон эълон гардидааст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






