Дар шаҳри Хуҷанд муовинони сарвазирони Тоҷикистон ва Қирғизистон мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 08.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 8 сентябр дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Эдил Байсалов, ки бо мақсади иштирок дар тантанаҳои ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари корӣ ташриф овардааст, мулоқот намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба таҳкими ҳамкории судманд байни ду кишвар андешаронӣ намуда, таъкид доштанд, ки бо шарофати талошҳои хастанопазири сарони давлатҳо — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров робитаҳо миёни ду давлати дӯсту ҳамсоя тақвият меёбанд.
Муовини Сарвазири Қирғизистон аз пазироии самимӣ изҳори сипос намуда, аз номи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ва мардуми ин кишвар Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ шодбош гуфт.
Дар вохӯрӣ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон Абдикарим Алимбаев ва дигар шахсони расмӣ иштирок доштанд.










Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд






