Дар шаҳри Лондон 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн гирифтанд

Сентябрь 11, 2024 17:40

ДУШАНБЕ, 11.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 10 сентябр  дар шаҳри Лондон Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ бахшида ба солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пазироии расмӣ ва намоишгоҳу гушаи фарҳангӣ ороста намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар чорабинии бошукуҳ меҳмонони воломақом аз Ҳукумати Подшоҳӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ, рушд ва Иттиҳод, вакилону лордҳои Парлумон, намояндагони дигар вазорату идораҳои кишвари маҳалли иқомат, корпуси дипломатии муқими Лондон, намояндагони бахши хусусӣ, матбуот, муассисаҳои илмӣ-фарҳангӣ ва ҳамватанони муқими Подшоҳии Муттаҳида иштирок намуданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Муттаҳида Рухшона Эмомалӣ дар паёми шодбошии худ оид ба аҳаммияти Истиқлолияти давлатӣ, дастовардҳои мамлакат таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карда, аз нақши афзояндаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, инчунин дар бораи дурнамо ва рушди ҳамкориҳои судманди дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Муттаҳида ёдовар шуд.

Пас аз анҷоми қисми расмии чорабинӣ аз ҷониби Сафорат намоиши муди тарроҳони маъруфи Тоҷикистон Хуршед Сатторов ва Умед Кучкалиев ташкил карда шуд, ки дар он меҳмонони пазироӣ бо либосҳои миллии тоҷикии чакан ва аз атласу адрас духташуда, аз ҷумла таърихи ғании пайдоиши нақшҳои гулдузӣ шинос шуданд. Гузашта аз ин, ҳунарманди шинохтаи тоҷик Муҳаммадвалӣ Орзуев бо ғиҷак табъи иштирокдоронро бо иҷрои мусиқии анъанавии тоҷикӣ болида намуд.

 

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 11, 2024 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид