Дар шаҳри Панҷакент бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатӣ якчанд иншоот ифтитоҳ шуд

Сентябрь 8, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 08.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи  ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла дар соҳаи маориф мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин  хусус ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.

Аз ҷумла дар муассисаи  таҳсилоти миёнаи умумии №109-и деҳаи Некноти нави Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ майдончаи варзишии ҳозиразамон ва тамрингоҳ, ки бо саҳмгузории  соҳибкорон ва сокинони деҳа бо маблағи 300 ҳазор сомонӣ бунёд шудааст, мавриди истифода қарор гирифт.

Дар деҳаи Дашти Ҷамоати деҳоти Сӯҷина бинои иловагии  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №69, ки аз ду қабат ва 14 синфхона барои 700 хонанда дар ду баст, ҳуҷраҳои омӯзгорон ва ёрирсон иборат  буда, бо харҷи беш аз ду миллион сомонӣ бунёд шудааст, ба истифода дода шуд.

Ҳамчунин бинои иловагии таълимии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №55-и деҳаи  Яккасадаи Ҷамоати деҳоти Саразм, ки аз 10 синфхона барои 500 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, ифтитоҳ гардид.

Биноҳои нав бо мизу курсӣ, тахтаҳои синфӣ, синфҳои компютер  ва дигар ҷиҳози таҳсил ва асбобҳои аёнию шиору овезаҳо таҷҳизонида шудаанд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Сентябрь 8, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Вазорати маориф ва илм ва Идораи маорифи шаҳри Сежонги Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хонандаи шаҳри Душанбе дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот сазовори ҷойи якум гардид
Дар Мурғоб коргоҳи маҳсулоти қаннодии «Нозанин» ва 5 гармхона ба фаъолият шуруъ намуданд
Дар Тоҷикистон беш аз 18 ҳазор нафар забони олмониро меомӯзанд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
50 километр роҳи деҳоти Ҳисор ва Ориён то сарҳади Узбекистон таъмир мегардад
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Дар Шуғнон корхонаҳои саноатӣ ва иншооти соҳаҳои тандурустӣ ва маориф ба истифода дода шуданд
Дар Хоруғ кӯдакистонҳо, маркази обуҳавошиносӣ ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мурғоб муассисаи таълимии томактабии «Лола» ба истифода дода шуд
11 сол қабл дар Тоҷикистон дохилшавӣ ба муассисаҳои олии касбӣ тавассути низоми тестӣ амалӣ гардид
Дар Бадахшон муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба истифода дода шуданд