Дар Тоҷикистон 40 фоизи истеҳсоли картошка ба водии Рашт рост меояд
ДУШАНБЕ, 11.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Водии Рашт яке аз минтақаҳои асосии картошкапарварӣ дар мамлакат ба шумор рафта, 40 фоизи истеҳсоли картошкаи мамлакат ба ин минтақа рост меояд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, имсол дар ноҳияи Рашт дар 3430 гектар картошка кишт карда шуд, ки он соли 1991 580 гектарро ташкил медод. Инчунин дар ноҳияи Тоҷикобод дар 2013 гектар, Лахш- 5509, Нуробод- 728 ва дар ноҳияи Сангвор дар 1150 гектар картошка кишт шудааст, ки дар маҷмуъ 12 ҳазору 830 гектарро ташкил медиҳад.
Дар Тоҷикистон картошка дар минтақаи водии Рашт, ноҳияҳои вилояти Хатлон, вилояти Суғд, водии Ҳисор ва минтақаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон парвариш мешавад. Аз ҳама навъи беҳтарини он ба минтақаи Рашт рост меояд.
Ба гуфти олимони соҳаи кишоварзӣ, картошка дар системаи киштгардони зироат ҳамчун зироати пешкиштшаванда хуб дониста мешавад, зеро баъди кишти он қабати болоии хок ковок гашта, алафҳои бегона хеле кам мешаванд. Картошка ҳамчун зироат асосан ба воситаи лӯндаҳо парвариш меёбад. Дар ин минтақа картошка моҳҳои апрелу май кишт шуда, ҳосили он моҳҳои сентябру октябр ҷамъоварӣ карда мешавад.
Захираву имконоти ноҳияҳои водии Рашт дар самти рушди кишоварзӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кор хеле зиёд мебошанд.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 сентябри соли 2021 зимни суханронӣ бо сокинони ноҳияи Рашт таъкид намуданд, «…аз тамоми захираву имконияте, ки дорем, пеш аз ҳама, обу замин, хусусан заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ бояд оқилонаву самаранок истифода бурда, ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол кунем, то ки мардумамон дар фасли тирамоҳу зимистони дарпешистода танқисиву азият накашанд».
Сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Рашт Мирзо Латипов иттилоъ дод, ки то имрӯз кишоварзони ноҳия ҳосили 350 гектар майдони картошкаро ҷамъоварӣ намудаанд. Дар айни замон ҷамъоварии картошка идома дорад.
Мирзо Латипов иброз намуд, ки ноҳияҳои водии Рашт барои парвариши картошка имконияти васеъ ва таҷрибаи бой доранд. Картошка нони дуюм ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки бо назардошти шароити ҷаҳони имрӯза мо ин маҳсулотро ҳарчи бештар истеҳсол ва захира кунем.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






