Дар Тоҷикистон дар майдони беш аз 200 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида шуд

Сентябрь 1, 2024 16:33

ДУШАНБЕ, 01.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар ҷумҳурӣ дар майдони 200 ҳазору 440 гектар кишти такрории зироат гузаронида шуд, ки нисбат ба нақша 4318 гектар зиёд мебошад. Имсол тибқи нақша дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории мамлакат бояд дар майдони 196 ҳазору 789 гектар кишти такрорӣ гузаронида мешуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Вазорати кишоварзӣ дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти озуқавории мамлакат, танзими нарх дар бозорҳои истеъмолӣ ва афзун намудани иқтидори содиротии маҳсулоти кишоварзӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ нақшаи кишти такрориро зиёд иҷро намуд.

Ба гуфтаи мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, риоя намудани муҳлати кишти зироат ва сари вақт иҷро намудани корҳои агротехникӣ омили муҳими фаровонҳосилӣ мебошанд. Майдонҳое, ки ба кишти зироати кишоварзӣ омода шудаанд, вобаста ба ҷойгиршавии минтақаҳо бояд, ки муҳлати кишти онҳо ҳатман риоя шавад.

Ҳоло дар мамлакат кишти такрорӣ идома дошта, то ин муддат ғалладонагиҳо, ҷуворимакка барои дон, шолӣ, сабзавот, картошка, зироати техникӣ ва зироати хӯроки чорво кишт шудааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 1, 2024 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид