Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалӣ доир ба амнияти озуқаворӣ баргузор мегардад

Сентябрь 6, 2024 19:00

ДУШАНБЕ, 06.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2026 дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд доир ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» «Форуми байналмилалӣ доир ба амнияти озуқаворӣ ва Ҳадафҳои Рушди Устувор барои кишварҳое, ки ба баҳр дастрасӣ надоранд»  баргузор мегардад. Ин пешниҳод 5 сентябр зимни баргузории чунин форум дар Ҷумҳурии Узбекистон баён гардид.

Тавре дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, зимни форум дар шаҳри Тошканд Вазири кишоварзии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода доир ба тақвият ва пешбурди ташаббусҳо ба хотири беҳтар намудани низоми агроозуқаворӣ барои кишварҳое, ки ба баҳр дастрасӣ надоранд, муттаҳид намудани кӯшиши давлатҳои Осиёи Марказӣ барои паси сар намудани хавфҳои баъдӣ дар самти таъмини агроозуқаворӣ дар минтақа ва дигар мавзуъҳо сухан гуфт.

Инчунин дар форум аз ташаббуси навбатии Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҳимояи пиряхҳо дар сайёра, ки яке аз пешниҳодҳои беназир барои истифодаҳои оқилонаи захираҳои обӣ дар ҷаҳон буда, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфт, ёдоварӣ карда шуд.

АКС: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 6, 2024 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад