Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалӣ доир ба амнияти озуқаворӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 06.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2026 дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд доир ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» «Форуми байналмилалӣ доир ба амнияти озуқаворӣ ва Ҳадафҳои Рушди Устувор барои кишварҳое, ки ба баҳр дастрасӣ надоранд» баргузор мегардад. Ин пешниҳод 5 сентябр зимни баргузории чунин форум дар Ҷумҳурии Узбекистон баён гардид.
Тавре дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, зимни форум дар шаҳри Тошканд Вазири кишоварзии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода доир ба тақвият ва пешбурди ташаббусҳо ба хотири беҳтар намудани низоми агроозуқаворӣ барои кишварҳое, ки ба баҳр дастрасӣ надоранд, муттаҳид намудани кӯшиши давлатҳои Осиёи Марказӣ барои паси сар намудани хавфҳои баъдӣ дар самти таъмини агроозуқаворӣ дар минтақа ва дигар мавзуъҳо сухан гуфт.
Инчунин дар форум аз ташаббуси навбатии Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҳимояи пиряхҳо дар сайёра, ки яке аз пешниҳодҳои беназир барои истифодаҳои оқилонаи захираҳои обӣ дар ҷаҳон буда, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфт, ёдоварӣ карда шуд.
АКС: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Барселона имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид
СОҲИБКОРӢ ҲАМ МАСЪУЛИЯТ МЕХОҲАД! Аз ҷониби кормандони Кумитаи бехатарии озуқаворӣ маҳсулоти гӯштии бесифат мусодира карда шуд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими музди меҳнат ва пардохти иловапулӣ ба музди меҳнати кормандони соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ» ба имзо расид
Муқовимат ба коррупсия омили муҳими рушди устувори Тоҷикистон аст
Дар Тоҷикистон 556,5 гектар боғҳои нав бунёд карда шуданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ЧИСТ? Ва ё мошинҳои ҳисоббарор метавонанд ба монанди инсон фикр карда, қарор қабул намоянд?
Муҳлати лоиҳаи содагардонии расмиёти савдо дар Осиёи Марказӣ то соли 2029 тамдид карда шуд
Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамкориро дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ тақвият медиҳанд
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар самти мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ иштирок намуданд
Дар Душанбе Форуми 10-уми Осиёи Марказӣ оид ба идоракунии интернет – CAIGF 2026 баргузор шуд
Дар Душанбе нахустин конфронси байналмилалӣ оид ба мониторинг ва арзёбӣ баргузор шуд
Табодули мол байни Тоҷикистон ва давлатҳои иштирокчии Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ ба 2,1 миллиард доллар расид






