Дар Узбекистон вохӯрии роҳбарони дастгоҳи парлумонҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ доир гардид

Сентябрь 13, 2024 14:20

ДУШАНБЕ, 13.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 сентябр дар доираи Форуми дуюми байнипарлумонии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хеваи Ҷумҳурии Узбекистон мулоқоти роҳбарони дастгоҳи парлумонҳои Осиёи Марказӣ  баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот роҳбари дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Сатторзода сухан гуфт.

Таъкид шуд, ки иштироки кормандони парлумон дар таъмини иҷрои масъалаҳои дар ҷараёни анҷуман баррасишуда, пешниҳоду ташаббусҳои бамиёнгузошта ва вазифаҳои муайяншуда аҳамияти хосса дорад.

Дар татбиқи муваффақонаи барномаву лоиҳаҳое, ки ба рушди муносибатҳои ҳамкории парлумонҳо ва ҳамкории комиссияҳои байнипарлумонӣ ва гурӯҳҳои дӯстӣ нигаронида шудаанд, фаъолияти пурсамари кормандони парлумон низ муҳим аст.

Дар фарҷоми мулоқот доир ба таҳлили ҷараёни рушди робитаҳои байнипарлумонӣ, такмили низоми ҳамкории хадамоти илмию экспертӣ ва иттилоотию таҳлилии парлумонҳои давлатҳои минтақа тавофуқ ҳосил шуд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 13, 2024 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили ҳуқуқии мафҳумҳои конститутсионӣ ва таърихии давлатдорӣ
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд