Дар вилояти Хатлон ҷараёни қабули пахта назорат карда мешавад
ДУШАНБЕ, 24.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. То 23 сентябр дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 39 ҳазору 110 тонна пахта ҷамъоварӣ гардидааст, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон.
Имсол корхонаҳои коркарди пахтаи вилоят як килограмм пахтаро аз деҳқонон бо нархи аз 6,50 то 7,20 сомонӣ харидорӣ менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки дар вилояти Хатлон гурӯҳи корӣ оид ба ҷамъоварӣ, коркард ва содироти пахта таъсис дода шудааст, ки дар ин рӯзҳо ҷараёни қабули пахтаро дар корхонаҳои коркард назорат менамояд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид






