Давлатҳои аъзои ИДМ ҳамкориро дар самти мубориза бо ҷиноятҳои коррупсионӣ пурзӯр менамоянд
ДУШАНБЕ, 27.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. 26 сентябри соли 2024 дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода дар ҷаласаи 23-юми Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтиши молиявии (КСОНР) давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Инчунин дар ҷаласа намояндагони Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Узбекистон, Русия ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуда, фаъолияти Шуроро дар самти таҳкими сулҳу субот ва амнияти иқтисодӣ дар сатҳи баланд арзёбӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки фаъолияти шуро мунтазам рушд намуда, имкон медиҳад, ки содиршавии ҷиноятҳои иқтисодии фаромиллӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои коррупсионӣ пешгирӣ гарданд ва нисбат ба онҳо тадбирҳои зарурии саривақтӣ андешида шаванд.

Илова бар ин, иштирокчиён дар ҷаласа масъалаҳои муҳими мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва коррупсионӣ, ҷиноятҳои бо истифода аз дороиҳои рақамӣ содиршаванда, муқовимат ба маблағгузории терроризм ва ҷиноятҳои ба андоз алоқамандро, ки бо истифода аз интернет ва воситаҳои рақамии пардохт содир мешаванд, баррасӣ карда, вобаста ба тарзу усулҳои ошкоркунии ҷиноятҳо дар ин самт табодули афкор намуданд.
Дар фарҷом вобаста ба рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардида, бо назардошти вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват карда шуд, ки барои боз ҳам пурзӯр намудани мубориза бо ҷинояткории фаромиллӣ ҳамкорӣ дар доираи шуро тақвият дода шавад.
АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
Дар Душанбе натиҷаҳои миллии Шарҳи чоруми фаъолияти экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Давҳа тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо AIIB баррасӣ гардид
Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд
Дар Давҳа ҷаласаи солонаи Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ доир гардид






