Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишкадаи технологияҳои иттилоотии Чанчжоуи Чин ҳамкориро густариш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 16.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 13 сентябр дар мулоқоти маҷозии ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ Қудрат Давлатзода ва намояндагони Донишкадаи технологияҳои иттилоотии Чанчжоуи Чин соҳаи IT, рақамикунонӣ, Парки технологияҳои иттилоотӣ ва татбиқи нақшаҳои дуҷониба дар ин самт аз муҳимтарин масъалаҳо буданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи техникӣ хабар медиҳад, дар мулоқот таъкид шуд, ки пешрафти маҷмуии мамлакат, аз ҷумла идоракунии самаранок, хизматрасонии электронӣ, густариши фаъолияти фосилавӣ ва таҳсили фосилавӣ барои рушди босуръати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва ба роҳ мондани инноватсия имконияти васеъ фароҳам меоранд.
Ректори Донишгоҳи техникӣ Қудрат Давлатзода гуфт, ки солҳои охир дар заминаи рушди бемайлони соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ тавассути таъсис ва фаъолияти густурдаи паркҳои технологӣ, паркҳои технологияҳои иттилоотӣ, паркҳои илмию технологӣ, марказҳои инноватсионӣ ва ҳамгироии мутахассисони соҳавӣ аз ҷониби устодони Донишгоҳи техникӣ чанд лоиҳаи самарабахш анҷом дода шуд. Ҳоло дар ин самт корҳо идома доранд.
Ҷонибҳо ҳамчунин такмили дараҷаи касбии устодон, иштирок дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, табодули академӣ, тақвияти ҳамгироӣ ва ҳамкории соҳаро баррасӣ намуданд.
АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






