Эмомалӣ Раҳмон: «Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Сангвор 68 иншооти соҳаи маориф сохта шудааст»
ДУШАНБЕ, 11.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Сангвор 68 иншооти соҳаи маориф, аз ҷумла 3 муассисаи томактабӣ, 21 маркази инкишофи кӯдак, 44 бинои нави мактаб ва биноҳои иловагӣ сохта, ба истифода дода шудаанд. Чунин иброз доштанд имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Сангвор.
Ба таъкиди Сарвари давлат, дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳаҷми маблағгузорӣ ба соҳаи маорифи ноҳияи Сангвор аз ҷониби Ҳукумати мамлакат мунтазам зиёд карда шуда, бо истифода аз маблағҳои ҷудогардида бунёди муассисаҳои таълимии ба талаботи замона ҷавобгӯ, бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин намудани онҳо, боло бурдани сатҳу сифати таълиму тарбия ва омода кардани кадрҳои баландихтисос амалӣ карда шудааст.
«Дар натиҷа шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар ноҳия нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ 52 фоиз зиёд гардид. Ҳоло дар ноҳия бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат сохтмони бинои иловагӣ дар ҳудуди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1 идома дорад», — изҳор доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Инчунин Президенти мамлакат аз норасоии омӯзгорони ихтисосманди фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ, камбудии китобҳои дарсӣ, нокифоя будани кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои таълимӣ ва таъмирталаб будани якчанд муассисаи таълимӣ изҳори нигаронӣ намуда, барои бартараф кардани онҳо дастурҳои мушаххас доданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд






