ФЕСТИВАЛИ ҶУМҲУРИЯВИИ АТЛАС ВА АДРАС-2024. Дар номинатсияи «пиллапарварӣ» Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик» ғолиб гардид
ДУШАНБЕ, 23.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. 22 сентябр дар шаҳри Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии атлас ва адрас-2024 баргузор гардида, ба иштирокчиёни он аз ҷониби Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикон Сипоснома ва туҳфаҳо тақдим гардиданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Ғолиби ҷойи якум дар номинатсияи «пиллапарварӣ» Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик» гардид. Тавре муовини директори «Пиллаи тоҷик» Назришо Назаров дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, баргузории фестивал ба истеҳсоли либосҳои аълосифат, намудҳои гуногуни матоъҳои абрешимӣ, омехта ва пахтагин, ки дар бозори маҳаллӣ ва ҷаҳонӣ талабот доранд, мусоидат менамояд. «Мояи ифтихор аст, ки имрӯзҳо пиллапарварӣ ва шоҳибофӣ дар Тоҷикистон бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гардид. Зеро коркарди пилла соҳаи афзалиятноки саноати мамлакат ба ҳисоб рафта, афзалиятнокии он ба дастрас будани ашёи хоми дохилӣ ва хусусияти меҳнатталабӣ, ки ба ташкили шумораи зиёди ҷойи кор мусоидат мекунад, вобаста аст», -гуфт ӯ.
Тавре муовини директори «Пиллаи тоҷик» Назришо Назаров иброз намуд, кирмакпарварӣ ва коркарди пилла яке аз шуғлҳои қадимтарини мардуми тоҷик ва соҳаи сердаромаду афзалиятнок маҳсуб шуда, истеҳсоли пилла барои бо ашёи хом таъмин намудани корхонаҳои саноатии мамлакат, бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ ва баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои ватанӣ аҳамияти калон дорад.
«Дар мамлакат «Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024» амал мекунад, ки мақсади асосии барнома фароҳам овардани шароит ва замина барои рушди босуботи соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар асоси коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, таъмини шуғли аҳолӣ, таҳияи механизмҳои иқтисодӣ ва омилҳои ҳавасмандгардонӣ барои ҷалби сармоягузории бевосита ба соҳа ба шумор меравад», -изҳор дошт ӯ.
Хотирнишон месозем, ки соли 2022 кирмакпарварӣ (пиллапарварӣ) ва истеҳсоли анъанавии абрешим барои бофандагӣ ҳамчун унсури муштараки фарҳангӣ, ки Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Афғонистон, Озарбойҷон, Эрон, Туркия, Туркманистон ва Узбекистон барои арзёбӣ ба иҷлосияи 17-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО пешниҳод кард, ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ 21 декабри соли 2021 баён гардид, ки «бобати рушди соҳаи пиллапарварӣ ва шоҳиву адрасбофӣ, ки барои таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави кор, бахусус барои занону духтарон имконият медиҳад ва дар ин замина сохтору мақомоти дахлдорро зарур аст, ки истифодаи самараноки имконияти мавҷударо таъмин намояд. Дар робита ба ин, замини тутзор ба муддати 10 сол аз пардохти андози ягонаи замин, инчунин шахсони ҳуқуқие, ки ба коркарди пилла ва истеҳсоли матоъҳои шоҳӣ, атласу адрас ва дигар маснуоти бофандагии дастӣ машғул мебошанд, аз пардохти андозҳо пурра озод карда шаванд»
Дар доираи фестивал намоиш-фурӯш доир гардид, ки дар он зиёда аз 20 ҳунарманди тоҷик матоъҳои суннатии бофтаашон, инчунин маснуоти хонагии саноати бофандагӣ, ороиши дохилӣ ва лавозимоти аз ин матоъҳо истеҳсолшударо ба намоиш гузоштанд.
Ёдовар мешавем, ки 20 апрели соли 2024 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи Навбаҳори ноҳияи Сино корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»ифтитоҳ гардид.
Дар корхона коркарди пилла то сатҳи ниҳоӣ анҷом дода шуда, аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол карда мешавад.
Дастгоҳу таҷҳизоти корхона аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва давлатҳои Аврупо ворид карда шуда, ба истеҳсоли маҳсулоти босифату ҷавобгӯ ба талаботи бозори ҷаҳонӣ мусоидат мекунанд.
Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик» аз коргоҳи хушккунии пилла, коркарди нах, коргоҳи басту банд, озмоишгоҳ, коргоҳи чопӣ, бофандагӣ, коргоҳи наддофӣ, хушкашӯйии матоъ, коргоҳи атласу адрас ва қолинбофии дастӣ иборат мебошад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Одил Дониш хостори тақвияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон гардидааст






