«ХАТЛОН ИНВЕСТ-2024». Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ баргузор мешавад

Сентябрь 24, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 24.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 17-18 октябр  дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон-Инвест-2024» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон-Инвест-2024» бо мақсади баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ, тақвияти истеҳсолоти ба содирот нигаронида, густариши муносибати тиҷоратии харидорону содироткунандагон тавассути муаррифии имконият ва маҳсулоти содиротии ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.

Дар назар аст, ки дар ҷараёни он маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳии вилоят намоиш дода шаванд. Инчунин байни соҳибкорону сармоягузорон мулоқотҳои инфиродӣ доир шуда, Ёддошти ҳамкорӣ ба тасвиб мерасад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Сентябрь 24, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид