Ифтитоҳи хатсайрҳои нави ҳавоӣ дар ҳарими ҳавоии Тоҷикистон ва Узбекистон дар шаҳри Тошканд баррасӣ шуд

Сентябрь 13, 2024 10:24

ДУШАНБЕ, 13.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Ёддошти ҳамкорӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии /КВД/ «Тоҷикаэронавигатсия» ва Корхонаи воҳиди давлатии Маркази «Узаэронавигатсия» гурӯҳи кории «Тоҷикаэронавигатсия» ба Ҷумҳурии Узбекистон сафар намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин корхона.

Ҳадафи сафар амалӣ намудани ҳамкории мутақобилан судманд ва татбиқи нақшаи чорабиниҳое мебошад, ки дар доираи Ёддошти ҳамкорӣ ба мувофиқа расидаанд.

Дар доираи сафар гурӯҳи кории Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» бо роҳбарони Корхонаи воҳиди давлатии Маркази «Узаэронавигатсия» мулоқот намуда, масъалаҳои марбут ба мубодилаи иттилооти зарурӣ ва ифтитоҳи хатсайрҳои нави ҳавоӣ дар ҳарими ҳавоии Тоҷикистон ва Узбекистонро баррасӣ намуданд.

Ҳамзамон гурӯҳи кории «Тоҷикаэронавигатсия» бо Маркази идоракунии ҳаракати ҳавоии Тошканд, манораи муназзимӣ ва бахши шаҳрвандии маркази асосӣ шинос гардид.

Ёдовар мешавем, ки Ёддошти ҳамкорӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» ва Корхонаи воҳиди давлатии Маркази «Узаэронавигатсия» 13 августи соли 2024 аз ҷониби директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» Лоиқ Бегиҷонзода ва директори Корхонаи воҳиди давлатии Маркази «Узаэронавигатсия» Дониёр Ҷумаев ба имзо расид.

АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия»

Сентябрь 13, 2024 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид