Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад

Сентябрь 4, 2024 08:10

ДУШАНБЕ, 04.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 25+30 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 1+6 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 дараҷа гарм, рӯзона 27+32 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11 дараҷа гарм ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 31+36 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 12+17 дараҷа гарм ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 дараҷа гарм, рӯзона 30+35 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12 дараҷа гарм ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 16+18 дараҷа ва рӯзона 33+35 дараҷа гарм мешавад.

Сентябрь 4, 2024 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Суғд беш аз 1600 хоҷагӣ нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро намудааст
Дар Аврупо метавонанд биёбонҳо пайдо шаванд
Ҷоизаи Нобел дар соҳаи тибро ду олиме, ки микроРНК-ро кашф кардаанд, соҳиб шуданд
Флорида бо сабаби наздикшавии тӯфони «Милтон» ба бузургтарин тахлия дар 7 соли охир омода мешавад
Соли 2023 камобтарин сол барои дарёҳои ҷаҳон дар беш аз се даҳсола гардид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Ба шаҳру ноҳияҳои Бадахшон 1500 тонна ангишт интиқол дода шуд
Дар Душанбе бо ҷалби равоншиносони хориҷӣ барои варзишгарон машварати омӯзишӣ оғоз ёфт
МегаФон Тоҷикистон ба 4G диққати махсус медиҳад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Тӯфони «Милтон»дар халиҷи Мексика шиддат гирифта, ба тундбод мубаддал гардид
Дар шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Турсунзода пайкараҳои ҳайвоноти нодири Тоҷикистон гузошта шуданд
Дар Москва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад