Имсол маҷмуи умумии маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Данғара ба 1,7 миллиард сомонӣ баробар шуд
ДУШАНБЕ, 21.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳашт моҳи имсол маҷмуи умумии маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Данғара ба 1,7 миллиард сомонӣ баробар шудааст, ки дар миқёси вилояти Хатлон баландтарин нишондиҳанда ба ҳисоб меравад. Дар ин хусус 19 сентябр зимни боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз Хоҷагии деҳқонии «Саодатшо»-и ноҳияи Данғара иттилоъ дода шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаи дастовардҳои кишоварзони ноҳия баҳои баланд дода, масъулини дахлдори соҳа ва меҳнаткашонро ба истифодаи пурраи имконияти табиӣ, баланд бардоштани нишондодҳои истеҳсолӣ ва захираи маводи ғизоӣ барои ду соли оянда вазифадор намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки имсол кишоварзони ноҳияи Данғара дар майдони 26 886 гектар ғалладона, 1027 гектар картошка, 1617 гектар сабзавот, 1539 гектар полезӣ, 5018 гектар пахта ва дигар намуди зироат кишт намудаанд. Заҳмати пайваста, риояи агротехникаи кишту парвариш ва дар истеҳсолот афзалият додан ба истифодаи технологияи муосир афзоиши нишондиҳандаҳои истеҳсолиро таъмин намудааст.
Инчунин кишоварзони ноҳияи Данғара дар таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ, содироти маҳсулот ба дигар давлатҳо ва таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми намоён мегузоранд. Аз ноҳияи Данғара ба дигар давлатҳо аллакай ҳазорҳо тонна маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ содирот шудааст.
Соли 2023 маҷмуи умумии маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон 35,3 миллиард сомониро ташкил намуд, ки 2 миллиарду 550 миллион сомонӣ ё 7,2 фоизи он ба ноҳияи Данғара рост меояд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






