Исматулло Насредин ва Ҳамиш Фалконер оид ба масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории сиёсӣ ва амниятӣ табодули афкор намуданд
ДУШАНБЕ, 21.09.2204 /АМИТ «Ховар»/. 19 сентябр муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин дар шаҳри Лондон бо муовини котиби давлатӣ оид ба корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Ҳамиш Фалконер мулоқот анҷом дод. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва муҳитизистӣ табодули афкор намуданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд






