Истиқлоли миллӣ барои рушди Тоҷикистон марҳилаи нав аст

Сентябрь 10, 2024 18:30

ДУШАНБЕ, 10.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Мардуми тоҷик дар саросари мамлакат 33-солагии Истиқлолияти давлатиро бо шукуҳу шаҳомати зиёд ҷашн гирифтанд. Бояд гуфт, ки  халқи тоҷик соли 1991 соҳибихтиёрии давлатӣ ба даст овард ва дар таърихи давлатдории тоҷикон давраи нави инкишофи истиқлолияти давлатӣ ба миён омад.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз давраи ба Сарвари давлат интихоб гардиданашон тамоми азму иродаро ба умдатарин масъалаҳои ҳастии халқу мамлакат — таъмини сулҳу субот, муттаҳид сохтани мардуми Тоҷикистон ва истеҳкоми ваҳдати миллӣ бахшиданд. Фаъолияти сиёсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари давлат бо ормонҳои чандинасраи халқу миллат ва рисолати ҷамъиятию азалии халқи тоҷик мувофиқ омад.

Бо шарофати саъю кӯшиши пайваста ва ҳаракатҳои пайгиронаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғояи Истиқлолияти далатӣ ва ваҳдати миллӣ ба яке аз самтҳои сиёсати доимии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон табдил ёфт. Он баҳри рушди минбаъдаи сиёсати дохиливу хориҷии давлати тозаистиқлоли тоҷикон, интихоби самтҳои дурусти рушди минбаъдаи ҷумҳурӣ, таъмини амнияти дохиливу хориҷӣ ва ниҳоят барои имрӯзу фардои халқу миллат, ҷомеа ва давлатдории тоҷикон заминаи ҳуқуқиву сиёсӣ ба вуҷуд овард.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1 декабри соли 1999 фармон «Дар бораи таҳкими ҷараёни демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ» ба тасвиб расониданд, ки ба туфайли он дар ҷумҳурӣ муҳити мусоиди бисёрҳизбӣ ва гуногунандешии сиёсӣ фароҳам омад. Ин тадбир омили муҳиме гардид, ки ҳизбҳо ва ҳаракатҳои мухталиф муттаҳид шуда, фаъолиятро ба ҳифзу таҳкими сулҳ, ризоияти миллӣ, рушди демократия, инкишофи иқтисодиёт ва дигаргунсозиҳо дар ҷомеаи тоҷикон равона созанд.

Барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ ва он тағйироти куллие, ки дар натиҷаи баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ  падид омаданд, давраи комилан наверо дар низоми қонунгузорӣ, сиёсати ҳуқуқӣ ва мавқею мақоми Тоҷикистон, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳайси ҷумҳурии комилҳуқуқ эътироф гардидааст, ба миён овард. Ҳамаи тадбирҳое, ки бо ҳидояти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи созишу Ваҳдати миллӣ, ки дар самти таҷдиди низоми қонунгузорӣ ва ҳокимияти давлатӣ дар пояи барномаҳои доманадори Ҳукумати Тоҷикистон амалӣ шудаанд, ҳадафи онро доштанд, ки ҷумҳурии мо ба шоҳроҳи тамаддуни ҷаҳони муосир ворид гардад.

Низоми нави давлатдорие, ки Президенти мамлакат дар натиҷаи ислоҳоти конститутсионӣ ва низоми қонунгузорӣ тарҳрезӣ намуданд, барои озодии инсон ва ҷомеа заминаҳои воқеӣ муҳайё намуданд. Озодии инсон ва бузургдошти ҳуқуқҳои ӯ сабаби бунёдгузорӣ ва такмили ниҳодҳои муносиби умури сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистон бо дарёфти истиқлолияти пурраи миллӣ гардид.

Самараи заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари давлат буд, ки Тоҷикистон дар арсаи сиёсати байналмилалӣ дар муддати кӯтоҳи таърихӣ дар самти беҳтар намудани сатҳ ва сифати зиндагии аҳолӣ ба дастовардҳои арзишманд ноил гардид.

Мардуми Тоҷикистон ба хизматҳои бузурги Қаҳрамони Тоҷикистон, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, бунёди сулҳи тоҷикон, суботу оромӣ дар ҷомеа, эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, амалӣ намудани ислоҳоти бузурги сиёсӣ, иқтисодию ҳуқуқӣ, аз ҷумла таъмини амнияти Тоҷикистон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини амнияти озуқаворӣ, баровардани Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати муосири демократӣ ва дорои ҷомеаи шаҳрвандӣ муаррифӣ намудани Тоҷикистон дар сатҳи қонуни конститутсионӣ арҷи баланд мегузорад.

Нозим МАҲМАДИЗОДА,
Директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Сентябрь 10, 2024 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд